Ovozi.uz

Парвандаҳои зӯроварӣ нисбати занон 65,7 фоиз зиёд шудааст

Дар Ӯзбекистон шумораи парвандаҳои вобаста ба фишор ва зӯроварӣ нисбати занон афзоиш ёфтааст. Мувофиқи маълумоти Суди Олӣ, дар нимаи аввали соли 2026 судҳо 2018 парвандаи ҷиноиро оид ба чунин ҳолатҳо баррасӣ кардаанд.

Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба 65,7 фоиз зиёд аст. Дар шаш моҳи аввали соли гузашта 1218 ҳолати чунин парванда баррасӣ шудааст.

Дар он кори 2480 нафар дида шуд. Дар 1215 парванда 1624 нафар маҳкум шуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 337 кори суди ва 521 нафар афзудааст.

Шумораи заноне, ки ҳамчун қурбонии зӯроварӣ эътироф шудаанд, дар шаш моҳ 2146 нафарро ташкил дод. 870 нафари онҳо аз 31 то 60 сола, 654 нафар аз 18 то 30 сола мебошанд. Байни онҳо 581 нафар духтари то 18-сола низ ҳастанд.

71 фоизи маҳкумшудагон — 1165 нафар ҳангоми содир кардани ҷиноят кори доимӣ надоштанд.