Дар 44 рӯз — 3 ҳолати нохуш
Статистикаи ҷаҳонӣ дар бораи садамаҳои марбут ба аттраксионҳо аз ҷониби ягон ташкилоти муайян тартиб дода намешавад. Аз ин рӯ, рақамҳои умумиро бар асоси таҳлили гузоришҳои ВАО ва иттиҳодияҳои минтақавӣ тартиб медиҳанд.
Мувофиқи маълумотҳо, дар саросари ҷаҳон солона ба ҳисоби миёна тақрибан 65 фавт ба қайд гирифта мешавад. Ин рақам ҳодисаҳои дар боғҳои истироҳатӣ, боғҳои фароғатии сайёр ва аквапаркҳо содиршударо дар бар мегирад.
Аз аввали баҳор то имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба садама дар аттраксионҳои қаламрави ҷумҳуриамон се хабар паҳн шуд. Якум, 27‑уми апрели соли равон дар вилояти Андиҷон аттраксион афтод ва 7 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дуюм, рӯзи 4‑уми май дар шаҳри Ангрен ду аттраксиони зиплайн (дастгоҳи ресмонӣ барои фуруд омадан) бо ҳам бархӯрда, ду нафар ҷароҳати сабук гирифтанд. Сеюм ва ҳодисаи охирин, рӯзи 10‑уми июн дар вилояти Ҷиззах аттраксион шикаста, боиси ҷароҳат бардоштани 4 нафар гардид. Инҳо ҳодисаҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон гардида мебошанд, вале миқдори ҳолатҳои эълоннагардида чӣ қадар? — мо намедонем. Як чиз маълум аст, ки ин воқеаҳо вобаста ба истироҳатгоҳҳо нигаронии ҷиддиро ба бор меоранд ва далели камбудиҳои корҳои тафтишӣ дар аттраксионҳо мебошанд.
Аттраксионҳо аз назорати техникӣ гузаронида шудаанд?
Хуб, аттраксионҳое, ки дар боғҳои истироҳатии вилоят қарор доранд, хусусан аттраксионҳои боғи «Ёшлик»-и шаҳри Самарқанд дар чӣ ҳоланд? Онҳо аз назорати техникӣ ва бехатарӣ гузаронида шудаанд ё не?
— Дар 14 боғи истироҳатии вилоятамон 110 аттраксион вуҷуд дорад, — мегӯяд сарвари шуъбаи вилоятии Кумитаи бехатарии саноат, радиатсия ва ядрои назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нодирбек Қодиров. — Дар оғози мавсими имсола ҳамаи онҳоро гурӯҳи корӣ, ки бо супориши роҳбари вилоят таъсис дода шуд, аз назорати техникӣ гузаронд ва ба 108‑тои онҳо барои истифода намудан рухсатнома дода шуд. Танҳо ба ду аттраксион, ки дар боғи истироҳатии ноҳияи Ургут қарор доранд, бинобар кӯҳна будани онҳо рухсатнома дода нашуд. Ғайр аз ин, дар ноҳияи мазкур ду аттраксиони зиплайн ҳам, бинобар бе ҳуҷҷат пеш бурдани фаъолият аз байн бурда шуданд.
Мувофиқи маълумоти корбар ва хазинадорони аттраксионҳои боғи «Ёшлик», ҳар субҳ пеш аз оғози кор аттраксионҳо аз назорати техникӣ ва соле як маротиба аз назорати техникии умумӣ гузаронида мешаванд. Ҷиҳати бехатарии сӯхтори баъзе аттраксионҳоро бошад, ходимони садорати вазъиятҳои фавқулода тафтиш кардаанд.
— Рӯзи кории мо бо аз назар гузаронидани ҳар як қисм ва дастгоҳҳо оғоз меёбад, — гуфт корбари аттраксиони «Осмони ҳафтум» Шероз Суннатуллоев. — Дар ҳолатҳои фавқулода ё хомӯш гардидани барқ, дастгоҳҳои дастии алоҳида дорем, ки ба воситаи онҳо ҳаракати аттраксионро бозмедорем ва онро оҳиста фуруд меорем. Агар ҳолати ягон меҳмон бад шавад, қуттии доруву дармон ҳам дорем ва ёрии аввалро худамон мерасонем.
«Чархфалак» бо баландии 40 метр
Дар мавсими имсола боғи «Ёшлик»-и шаҳри Самарқанд ҳам дар рӯзҳои гарму бебориш аз истироҳаткунандагон пур шуд. Аттраксион ва бозиҳои гуногун барои хуш гузаштани вақти онҳо хидмат мекунанд.
Хусусан, аттраксиони нави «Чархфалак», ки соли гузашта ба кор андохта шуд, диққати аксари меҳмонони боғро ба худ ҷалб менамояд. Зеро одамоне, ки савори он мешаванд, метавонанд аз баландии 40 метр шаҳрро тамошо кунанд.
— Бо тафовут аз «Чархфалак»-и пештараи боғ, ки ҳоло аз байн бурда шудааст, аттраксиони нав аз ҷиҳати бехатарӣ хеле беҳтар аст, — таъкид намуд хазинадори он Илҳом Ҳамроқулов. — «Чархфалак»-и нав 24 ҳуҷраи шишаӣ дорад ва дари ҳар як ҳуҷра ҳангоми чарх задани он баста мешавад. «Чархфалак»-и пештара танҳо нишастгоҳ дошт ва чор тарафаш кушода буд. Илова бар ин, дарҳои аттраксиони нав аз берун қуфл карда мешаванд ва истироҳаткунандагони даруни он наметавонанд бо хоҳиши худ онро боз намоянд.
Бояд гуфт, ки вобаста ба аттраксиони мазкур як ҷиҳати манфӣ ва хатарнок низ вуҷуд дорад. Корбарони он гоҳо «Чархфалак»-ро бознадошта, одамони даруни ҳуҷраҳоро берун меоранд ва одамони берунро ба ҳуҷраҳо ҷойгир мекунанд. Мабодо, дар якчанд дақиқае, ки ҳуҷра ҳангоми чарх задан мегузарад, онҳо ин корро анҷом дода натавонанд, барои одамони дохили ҳуҷра метавонад хатар эҷод гардад. Масалан, агар дарҳо ба таври бояд баста нашаванд ё касе дар ҳаво муаллақ монад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки корбарон аввал техникаро боздошта, сипас одамонро ба он савор кунанд.
«Майдонҳои сабз кам, нишастгоҳ намерасад…»
Оё воситаҳои дилхушӣ ва муҳити боғ ба талаб ҷавоб медиҳанд? Меҳмонон дар бораи боғ чӣ андеша доранд ва боз кадом шароитҳоро мехоҳанд?
— Парки мазкур ба мо хеле маъқул аст, — изҳори фикр кард Суҳроб Акмалов, ки бо дӯстонаш дар боғ сайр мекард. — Мо ба ин ҷо тез-тез омада, сайр ва дилхушӣ менамоем. Бештар ба аттраксионҳои нав, хусусан «Киштӣ», «Тарелка» ва «Чархфалак» савор мешавем. Каме қимат будани нархи аттраксионҳо ва кам будани майдонҳои сабзро ба инобат нагирем, ҳамааш хуб аст.
— Дарахту ниҳолҳо кам, баъзе майдонҳои сабзро вайрон карда, дар ҷои онҳо аттраксионҳо гузоштаанд, — фаҳмонд яке аз меҳмонони боғ Маннонҷон Ҷамолов. — Дар баъзе қисматҳои боғ нишастгоҳҳо гузошта нашудаанд, одамон рост истода тамошо мекунанд. Дар баъзе аттраксионҳо мактаббачаҳо кор мекунанд. Одам ҳам метарсад, ки онҳо беэҳтиётӣ накунанд, ҳам ба онҳо дилаш месӯзад. Охир, ҳоло вақти дарсхониву китобхонии бачаҳо мебошад.
Ҳолати экологии боғ чӣ гуна аст?
Суханони истироҳаткунандагони боғ ҷон дорад. Дар атрофи баъзе аттраксионҳо майдончаҳои сабз вуҷуд надоранд, вале бояд эътироф кард, ки баъзе роҳраву майдончаҳои холии боғро ба майдони сабз табдил медиҳанд.
Ҳангоми сохтани ошхона ё биноҳое, ки дар даруни онҳо бозиҳои гуногун ташкил карда мешаванд, ҷиҳати зарар надидани дарахтони гирду атроф ба инобат гирифта шудааст. Ҳатто, як-ду дарахт қисман ё пурра дар қабати девор, дар ҳоле ки ба онҳо зарар намерасад, мондаанд. Вале дар танаи баъзе дарахтон овезон кардани таҷҳизоти техникӣ, симпеч кардан ва халондани оҳану арматураҳои гуногун табъи касро хира мекунад.
— Ба дарахтон зада шудани ҳар гуна ҷисмҳои оҳанӣ, овезон кардани баннерҳои реклама, печонидани сим, бетон ё асфалт кардани гирди онҳо мумкин нест, — гуфт роҳбари хидмати ахбори Садорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйироти иқлими вилоят Шералӣ Искандаров. — Ҳангоми бори аввал содир шудани ин гуна ҳолатҳо огоҳӣ дода ва муаммо бартараф карда мешавад. Агар ҳолат такрор гардад, ба шахсоне, ки нисбати дарахтон ин гуна рафтор мекунанд, мувофиқи моддаи 79‑уми Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ оид ба расонидани осеб ба дарахтон, ба миқдори аз 3 то 5 баробари миқдори ҳисоби базавӣ ҷарима муқаррар карда мешавад.
Хулоса, боғи «Ёшлик», ки хурду калони шаҳр ба он ҷо тез-тез барои истироҳат мераванд, бояд то ҳадди имкон аз ҳар гуна муаммову камбудиҳо холӣ, техникаҳои дохили он ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ ва боду ҳавою муҳити экологияш ҳам барои дигар маскану минтақаҳо намунаи ибрат бошанд, зеро ин макон дар ҷои аввал мақоми боғро дорад.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
