Имрӯз дар саҳни бинои Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии ноҳияи Тайлоқ фестивали меваю сабзавоти “Саховати Тайлоқ” баргузор гардид.
Фестивалро бо суханони муқаддимавӣ ҷонишини якуми ҳокими вилоят Шербек Буранов ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба заҳмати шабонарӯзии деҳқонону боғдорон сухан ронда, ба корҳои минбаъдаи онҳо муваффақиятҳо таманно намуд.
Рағбатнокгардонии ғолибон ҳам бо рӯҳияи баланд гузашт. Аз рӯи номинатсияҳо ба роҳбарони корхонаҳои коркардабароии сабзавот, роҳбарони агрофирмаҳо ва фаъолони соҳаҳои кишоварзиву ёварони онҳо тӯҳфаву ташаккурномаҳои ҳокимияти вилояту ноҳия ба таври тантанавӣ супурда шуд.
Бояд хотирасон кард, ки ноҳияи Тайлоқ дорои 27816 гектар замин буда, аз онҳо 12299 гектараш дар соҳаи кишоварзӣ истифода бурда мешаванд. Соли равон дар ноҳия 44,2 ҳазор тонна сабзавот, 70 ҳазор тонна картошка, 17,6 ҳазор тонна мева ва 52 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шуд. Инчунин, як қисми муайяни ҳосиле, ки аз 2618 гектар ангурзор ва 881 гектар боғзор гирифта шуданд, аз нав коркард шуда, 9 ҳазор тоннаашро ба содирот бароварданд.
