Ovozi.uz

Таълими томактабӣ: ҳиссаи бахши ғайридавлатӣ меафзояд

Чанде пеш таҳти ташаббуси Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят бо мақсади ошно кардани кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ бо корҳое, ки бобати таъмини иҷрои Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14-уми июли соли 2022 “Дар бораи чораҳои иловагӣ аз рӯйи рушди минбаъдаи шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ дар соҳаи таълими томактабӣ” амалӣ мегарданд, ба ноҳияи Булунғур пресс-тур баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ иштирокдорон аз ташкилоти таълими томактабии “Дилафрӯз”, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Олмазори ноҳия дидан карданд.
– Кӯдакистон дар асоси шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ бунёд гардида, барои 100 нафар пешбинӣ шудааст, — гуфт сарвари ташкилоти таълими томактабӣ Файёзиддин Қадриддинов. – Онро имсол ба истифода додем ва ҳоло дар се гурӯҳ ба 60 нафар кӯдакон таълиму тарбия медиҳем. Ба онҳо Нилуфар Одилова роҳбарӣ мекунад. Тарбиядиҳандагон Инна Абдуллоева, Насиба Эргашева, Заррина Баҳриева бо кӯдакон кор мебаранд. Аз бунёди кӯдакистон аҳли маҳалла низ хурсанд ҳастанд.
Таъкид гардид, ки барои корҳои сохтмонии боғча 4 миллиарду 600 миллион сӯм равона гардида, аз ин миқдор 2 миллиарду 250 миллион сӯм кредит ва 2 миллиарду 350 миллион сӯм аз ҳисоби тадбиркор сарф шудааст.
Боиси ёдоварист, ки вилояти Самарқанд дар ташкили ташкилотҳои таълимии ғайридавлатӣ дар ҷумҳурӣ пешсаф аст. Тӯли солҳои 2018-2024 дар вилоят 64 кӯдакистони хусусӣ, 140-то боғча дар асоси шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ, 3460-то кӯдакистони оилавӣ, дар маҷмӯъ 3460 ташкилотҳои таълими томактабии ғайридавлатӣ ташкил гардида, қариб 97 ҳазор нафар кӯдакон бо таълими томактабӣ фаро гирифта шуданд.
Дар натиҷаи ислоҳот ҳиссаи бахши ғайридавлатӣ дар соҳа дар соли 2017 ҳамагӣ як фоизро ташкил карда бошад, дар соли 2024 ба 44 фоиз расонида шуд.
Дар идома кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ бо шароитҳое, ки дар мактаби таълими умумии рақами 72-и маҳаллаи Чорбоғи ноҳия фароҳам гардидааст шинос шуданд.
Бино ба маълумоти директори мактаб Бектош Қурбонов бинои мактаб, ки дар деҳаи дурдаст ҷойгир аст, аз ҳисоби маблағҳои тадбиркорон қад афрохта, барои таҳсили 250 нафар хонандагон пешбинӣ шудааст.

Толиб ЮНУСЗОДА