Ovozi.uz

Дар Бухоро нисбат ба тӯйи ноболиғон чора андешида шуд

Picture background

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Бухоро навори маросими тӯйи никоҳии наврасон паҳн гардид.

Маълум мегардад, ки дар асоси аҳду паймони тарафҳо рӯзи 29-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бухоро тӯйи никоҳии ду навраси зодаи ноҳияи Шофиркон А.А. ном писарак (соли таваллуд 2008) ва зодаи ноҳияи Қоракӯл Р.Н. ном духтарак (соли таваллуд 2007) гузаронида шудааст.

2-юми июл ҳуҷҷатҳои падару модари онҳо Н.С ва Н.Қ мувофиқи моддаи 47-3-и кодекси маъмурӣ ба додгоҳ (суд) фиристода шуд. Ҳоло нисбати ҳолат аз ҷониби гурӯҳи назоратии корҳои дохилии ноҳияи Қоракӯл корҳои пурсишӣ давом дорад.

Бояд гуфт, ки тибқи кодекси Оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси моддаи 15 никоҳи мардон ва занон синни 18 муайян гардидааст.