Рӯзҳои 27-30-юми июни соли равон дар маҷмӯаи истироҳатии “Zominsoy”-и ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва АСЕСКО II Ҷашнвораи байналмилалии санъати мақом баргузор гардид.
Дар ҷашнвора, ки бори дуюм гузаронида шуда, маҳз бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев рӯи кор омадааст ва мақсад аз роҳандозии он ҳифзи мусиқии анъанавӣ, мусоидат ба муколамаи байни фарҳангҳо, нигаҳдорӣ ва рушди гуногунии фарҳангӣ ва амсоли он мебошад, қариб аз 80 кишвари ҷаҳон 400 нафар иштирок карданд. Дар байни онҳо аз вилоятамон низ қариб 100 нафар вакилони санъати мақом, дастаҳои ансамблӣ, ҳунармандон ва масъулони соҳа иштирок карданд.
Дар анҷумани Зомин бо сароянда ва созандагони дастаи худ навоҳои мумтози ҷовидонаи санъати мақомро иҷро карда, дар номинатсияҳои “Беҳтарин ансамбли мақом”, “Беҳтарин мутриби яккахон” ва “Беҳтарин сарояндаи яккахон” фаъол иштирок кардем.
Шоҳҷоиза ё ГРАН-ПРИ бо маблағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ ба овозхони ансамбли «Форс»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Асғар Арабшоҳӣ тақдим карда шуд.
Дар байни дастаҳои ансамбл ҷои аввали Ҷашнвораи байналмилалии мақом ба ансамбли Маркази миллии санъати мақоми ба номи Юнус Раҷабӣ насиб кард. Аз рӯи иҷрои якка Хуршед Ироҳимзода – овозхони мақоми Консерваторияи миллии Тоҷикистон ғолиб гардид. Ду ҷои дувум ба ҷамоаи ансамбли Маркази мақоми вилояти Ҷиззах ва овозхони турк Чидем Гурдал ва ду ҷои сеюм ба дастаи ҳунарии «Мақом»-и Театри бадеии «Шинҷон»-и Чин ва овозхони ҳинд Алӣ Амҷад Хон сазовор дониста шуданд.
Ба ғолибон диплом, ҳайкалча ва туҳфаҳои хотиравӣ низ супурда шуд. Инчунин ҳар як иштирокчии ҷашнвора соҳиби шаҳодатномаи «Иштирокчии Ҷашнвораи байналмилалии санъати мақом» гардид.
Дар ярмаркаи байналмилалии мусиқа, намоишгоҳҳои гуногун оид ба санъати мақом, ки дар доираи чорабинӣ доир гардиданд, кормандони фарҳанг ва санъат, ҳунармандони вилоят фаъол иштирок карданд.
Дар анҷом як гурӯҳ фидокорони соҳа бо нишони сариснагиии “Маданият ва санъат фидокори” сарфароз гардиданд.
Абдунабӣ ТӮХТАЕВ,
директори шӯъбаи минтақавии вилоятии Маркази санъати мақоми миллии ӯзбек
