Ovozi.uz

ДАР БОРАИ ТАСДИҚ НАМУДАНИ МИҚДОРИ ПАРДОХТҲОИ ЯКМАРОТИБАГӢ, ИҶОРАПУЛӢ ВА НАРХИ ХИДМАТРАСОНИҲОЕ, КИ АЗ ҶОНИБИ МАЪМУРИЯТИ БОЗОРҲО ВА МАҶМӮЪҲОИ САВДОИ ВИЛОЯТ СИТОНИДА МЕШАВАНД

Қарори ҳокими вилояти Самарқанд

Дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26-уми апрели соли 2010 «Дар бораи чораву тадбирҳои такмили ташкили фаъолияти бозорҳои деҳқонӣ ва маҷмӯъҳои савдо» таҳти рақами ҚП-1326, муроҷиати Иттиҳодияи бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят аз 8-уми январи соли 2024 (рақами 4), хулосаҳои Сарсадорати молияи вилоят аз 11-уми январи соли 2024 (таҳти рақами 02/01-38/52) ва Садорати андози вилоят аз 24-уми январи соли 2024 (рақами 20/5-607), инчунин дар асоси огоҳиномаи мудири котибияти ҷонишини якуми ҳокими вилоят Р.Махқулов аз 23-юми январи соли 2024 (таҳти рақами 45/01-30)
ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Зеринҳо:
    – миқдори нави андозҳои якмаротибагӣ, ки аз ҷониби маъмурияти бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят рӯёнида мешаванд, мувофиқи иловаи 1;
    – миқдори пардохтҳо, ки аз ҷониби барои бино, иншоот, инвентарҳо ва пардохтҳои рӯёндашаванда барои хизматрасониҳои маҷбурии ҳудуди бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят мувофиқи иловаи 2;
    – миқдори андоз барои фурӯши маводи сохтмонии калонҳаҷм ва вазнини дар ҷойҳои махсуси ҷудошуда аз тарафи маъмурияти бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят мувофиқи иловаи 3 тасдиқ карда шавад.
  2. Ба Садорати давлатии андози вилоят (С.Эшматов), Иттиҳодияи бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят (А.Раҷабов) супурда шавад, ки:
    — андозҳои якмаротибагӣ, иҷорапулӣ ва нархи хизматрасониҳо, ки аз маъмурияти бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят ба даст меоянд, мувофиқи тартиби муқаррарӣ пурра ситонида шавад;
    — миқдори пардохтҳои якмаротибагӣ, иҷорапулӣ ва нархи хидматрасониҳо, ки дар банди якуми қарори мазкур тасдиқ шудааст, ба тамоми бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят, фурӯшанда ва харидорон расонида шавад, маълумотҳо дар ин бора дар ҷойҳои намоён гузошта шуда, татбиқи ин раванд таҳти назорат қарор гирад;
    — доир ба вазъи пардохтҳо барои хидматрасониҳо назорати мониторингӣ роҳандозӣ гардида, аз рӯйи натиҷаҳо ба ҳокимияти вилоят пешниҳодҳои дақиқ тақдим гардад;
    — аз рӯйи истифодаи дурусти миқдорҳои нави пардохтҳо барои хидматрасониҳо, инчунин, пурра ситонидан ва қисми муқаррарии даромадҳои бозорҳоро ба буҷети маҳаллӣ саривақтӣ гузаронидан, ба роҳ мондани назорати қатъӣ супорида шавад.
  3. Қарори ҳокими вилоят аз 23-юми феврали соли 2023 «Дар бораи тасдиқ намудани миқдори пардохтҳои якмаротибагӣ, иҷорапулӣ ва нархи хидматрасониҳое, ки аз тарафи маъмурияти бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдои вилоят ситонида мешаванд» таҳти рақами 61-7-0-Қ/23 аз эътибор соқит дониста шавад.
  4. Котиби матбуоти Хидмати матбуотии ҳокимияти вилоят (М. Мирзоев), «Маркази рушди технологияҳои ахборӣ- комуникатсионӣ»-и тобеи ҳокимияти вилоят (Н.Норбеков) чопи қарори мазкурро дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва ҷойгирсозии онро дар веб-сайти расмии ҳокимияти вилоят таъмин намоянд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур бар зиммаи ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ф. Абилов вогузошта шавад.
  6. Қарори мазкур аз рӯзи эълони расмӣ мавриди амал қарор мегирад.

Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
19-уми феврали соли 2024,
46-7-0-Қ/24

(Бо матн ва иловаҳои қарор метавонед тавассути веб-сайти расмии ҳокимияти вилоят шинос шавед).