Ovozi.uz

“Штабҳои зудамал”чӣ хел фаъолият пеш мебаранд?

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки мутасаддиёни Садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят бахшида ба корҳое, ки соли 2023 амалӣ гардиданд, нақшаи чорабиниҳо барои соли 2024, инчунин, чорабиниҳое, ки бобати ҳифзи аҳолӣ ва минтақаҳои вилоят дар вазъиятҳои фавқулодда амалӣ мегарданд, анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Сарвари Садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят И.Исмоилов дар нутқи худ роҷеъ ба корҳое, ки тӯли соли 2023 бо мақсади муҳофизати аҳолӣ ва ҳудудҳо аз вазъиятҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, сӯхторҳо амалӣ шудаанд, маълумот дод.
– Соли гузашта дар 32 объект машқҳои омӯзишии махсус гузаронида, дар 10 муассисаи таълими олӣ ва 30 мактаби касбу ҳунар чорабиниҳо гузаронидем, — гуфт И.Исмоилов. – Инчунин, бо мақсади афзунсозии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ 121 маротиба машқҳои амалӣ-тактикии сӯхторхомӯшкунӣ гузаронида шуда, 922 маротиба машғулоти амалӣ гузаронида шуд.
Ғайр аз ин, аз тарафи Маркази хонишии бехатарии фаъолияти ҳаётии садорат оид ба омодасозии аҳолӣ ба вазъиятҳои гуногуни фаҷқулодда 44 маротиба машқҳои омӯзишӣ ташкил гардида, 3353 нафар аҳолӣ бозомӯзӣ шуданд.
Дар давоми сол дар корхонаву ташкилотҳо, манзилҳои истиқоматии тартиби якка чорабиниҳои санҷишӣ гузаронида шуда, ба қоидаҳои бехтараии сӯхтор риоя накардани 3194 нафар роҳбар, шахсони ҷавобгар ва шаҳрвандон аниқ ва ба онҳо ҷавобгарии маъмурӣ таъин гардид.
Зикр гашт, ки бо мақсади ҳимояи ҳаёти инсонҳо аз сӯхтор дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, тавассути телевизиони марказӣ 180 маротиба, ба воситаи телевизиони маҳаллӣ 990 маротиба, дар радиоҳо 604 маротиба баромадҳо кардем, матолиби таблиғотӣ тақсим намудем, инчунин, дар саҳифаи рӯзномаҳои марказӣ 121 маротиба ва дар саҳифаи рӯзномҳои маҳаллӣ 422 адад мақола чоп намудем.
Дар давоми сол 3 194 то муроҷиати шахсони юридикӣ ва ҷисмонӣ баррасӣ гардида, аз рӯйи тартиби муқаррарӣ ҳалли онҳо зери назорат гирифта шуд.
Ёдовар гардид, ки дар давоми соли 2024 низ чунин чорабиниҳо бевосита идома ёфта, фаъолияти “Штабҳои зудамал”, ки барои ҳалли саривақтии вазъиятҳои фавқулодда хидмат мекунанд, беҳтар мегардад, мунтазам вохӯрӣ ва тадбирҳои профилактикӣ гузаронида мешавад.
Дар поёни анҷумани матбуотӣ ходимони васоити ахбори умум ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Н.БОБОАҲМЕДОВ