Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Самарқанд таҳти ҳамкории Садорати адлияи вилоят ва Садорати ихтисори камбизоатӣ ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ барои ҷавонони вобаста ба шуъбаҳои адлия гузаронида мешавад.
Ҳоло зиёда аз 2,5 миллион нафар аҳолии вилоятро ҷавонон ташкил мекунанд. 33 ҳазор нафари онҳо ба мақомоти адлияи вилоят вобаста карда шудаанд. То кунун мушкилоти беш аз 31 ҳазор нафар ҷавонон мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар марҳилаи навбатӣ иҷрои онҳо таъмин мегардад. Ин ярмаркаҳо боз як мисоли кор дар ин бобат мебошанд.
Дар ярмаркаҳои меҳнат дар вилоят беш аз 60 корхонаву ташкилот беш аз 400 ҷойи корӣ пешниҳод карданд. Қариб 900 нафар ҷавонон бо корҳо шинос гардида, 42 нафар ҷавонписарон ва духтарон соҳиби роҳхати ҷойи кор гардиданд ва 69 нафар барои бозомӯзии касбу ҳунар равона карда шуданд.
Масалан, дар ярмаркаи меҳнат дар ноҳияи Нарпай 29 нафар корфармоён 263 ҷои холии корӣ пешниҳод карданд. 14 нафар ҷавонон, аз ҷумла 6 нафар шаҳрвандон, ки таҳти назорати пробатсия қарор доранд, аз рӯи соҳаҳои дӯстдоштаашон роҳхат гирифтанд.
Ба ҷавонон кор таклиф карда шуд
