Ovozi.uz

Ташрифи вакилони Хитой

Рӯзи 6‑уми июл ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Хитой бо сарварии раиси Кумитаи доимии Шӯрои вакилони халқи умумхитоӣ Чжао Летсзи ба мамлакатамон ташриф овард.
Меҳмони баландмартабаро дар Аэропорти байналмилалии Самарқанд роҳбарони палатаҳои Олий Маҷлис ва вилоят пешвоз гирифтанд.
Ҳангоми вохӯрӣ бо ҳокими вилоят Эркинҷон Туримов қайд карда шуд, ки ба туфайли сиёсати оқилонаи роҳбарони ҳар ду давлат ва муносибати самимии онҳо робитаҳои Ӯзбекистон — Хитой пайваста инкишоф меёбанд. Дар натиҷаи ин ҳамкории минтақавӣ низ мустаҳкам мешавад. Аз ҷумла, дар айни ҳол вилояти мо бо ноҳияи автономии Шинҷон — Уйғур, провинсияҳои Шандун, Шенсӣ, Фуҷян ва минтақаҳои дигар фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Гузарондани бизнес-­форумҳои минтақавӣ, ташрифи ҳайати намояндагон ба анъана табдил меёбад. Ҳоло дар ҳамкорӣ бо чиниҳо даҳҳо лоиҳаҳои калон амалӣ мегарданд. Дар ноҳияҳои Пахтачӣ, Нарпай, Каттақӯрғон, Пайариқ ва Қӯшработ барои ихтисори камбизоатӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ аз таҷрибаи Чин истифода мебаранд.
Чжао Летсзи қайд кард, ки барои боз ҳам инкишоф додани робитаҳои байни ду давлат ва минтақаҳои онҳо имкониятҳо васеъ мебошанд, бинобар ин, Шӯрои вакилони халқи умумхитоӣ васеъ кардани ҳаҷми ҳамкориро дастгирӣ мекунад.
Раиси Кумитаи доимии Шӯрои вакилони халқи умумхитоӣ Чжао Летсзи дар ҳамкорӣ бо Спикери Палатаи қонунгузорӣ Н. Исмоилов ва ҷонишини аввали раиси Сенати Олий Маҷлис С. Сафоев аз маҷмӯа-­музейи Мирзо Улуғбек ва майдони Регис­тон дидан кард. Ба меҳмонон оиди таърихи сохтмони обидаҳои мазкур, бунёдкориҳои гузаштагони мо, ҳиссаи онҳо дар ривоҷи илму фан маълумот дода шуд.
— Ёдгориҳои меъмориро аз назар гузаронда, дарк намудам, ки ин замин бесабаб аз қадим маркази илму фан, маданият ва савдову иқтисодиёт нашудааст, — гуфт раиси Кумитаи доимии Шӯрои вакилони халқи умумхитоӣ Чжао Летсзи. — Аз қадим ривоҷ ёфтани робитаҳои дӯстона, ҳамкории Хитой — Ӯзбекистон дар манбаъҳои таърихиамон қайд карда шудааст. Солҳои охир бо ташаббуси роҳбарони давлатҳоямон даври нави ҳамкориамон оғоз гардид. Он имкон медиҳад, ки робитаҳои ҳамкории оянда боз ҳам мустаҳкам шаванд.


Инчунин, рӯзи 6‑уми июл вазири вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Мардумии Хитой Ван Сяанси ба Самарқанд ташриф овард.
Дар вохӯрии вазири вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, генерал-­майор А. Қӯлдошев ва вазири вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Мардумии Хитой Ван Сяанси масъалаҳои ҳамкории байни вазоратҳо муҳокима карда шуданд.

Алишер ИСРОИЛОВ.