…Таҳминаи шашсола оҳиста аз зери болишти бобояш телефонро гирифта, ба хонаи дигар гузашт ва бо ангуштони аллакай мисли арғунуннавозон нозук ва ҳассос шудааш дар рӯи он чанд нуқта гузошт ва сайти даркориашро ёфта, ба ҷустуҷӯи «чизи даркориаш» сар кард. Ин вақт додарчаи чорсолааш низ аз ҷойгаҳаш ба тарафи апааш майл карда, ҳар ду ғарқи тамошо шуданд. Чун дар хона суръати интернет паст буд, онҳо телефонро гоҳ ба худ наздик кардаю гоҳе дур намуда, «мавҷ мекофтанд».
Вақте ки бобо набудани телефонро пай бурда, ба хонаи наберачаҳо ворид шуд, онҳо дигар ин оламро фаромӯш карда, дар ҳавои ким-кадом сайти ҷолиб ва бозии навбаромад парвоз доштанд. Дигар онҳо на парвои садои омиронаи бобо доштанду на метавонистанд аз телефон — ин мӯъҷизаи асри нав ва ё балои ба сари насли имрӯза омада чашм кананд.
Ана ин аст имрӯз қиссаи аксари онҳое, ки дар хонаи худ тифлони майда ва фарзандони наврас доранд…
— Чаро телефони мобилӣ «бало» будааст? Ин хуб аст, ки ҳоло кӯдакони мо истифодаи онро ҳанӯз чочак дар даҳон ёд мегиранду ба ҳар гуна бозиҳои шавқовар ва тамошои видеоҳои вақтхушкунак машғул мешаванд, — мегӯяд зани ҳамсоя, ки дар дасти писарчааш доим телефон асту дигар ӯро ташвиш намедиҳад.
— Иброҳимҷони ман бо телефон машғул шуда, ҳатто гуруснагиашро фаромӯш мекунад,- бо фахр мегуфт ӯ соле пеш…
— Телефони мобилӣ махсусан барои кӯдакон ва наврасон хатари ҷиддист ва на танҳо «бало», балки «балои бад» аст, — мегӯянд бо як овоз олимони тамоми дунё ва барои гуфтаҳои худ даҳҳо асос меоранду меоранд, вале мо то замоне, ки ин «бало» ба сари худамон наояд, онро нодида мегирем.
Ба назари ман, беҳтарин ва ибратпазиртарин таҷрибае, ки ин зарарро собит менамояд, ин таҷрибаест, ки таҳти сарварии биологи рус Олег Григорев гузаронида шуд. Гурӯҳи вай дар ду инкубатори якхелаи чӯҷабарор 30‑донагӣ тухми мурғ ҷой карда, ба мобайни яке аз онҳо телефони мобилиро гузошт, ки дар ҳар чаҳор дақиқа фаъол мешуд. Пас аз гузаштани 21 рӯз (ин муддатест, ки барои чӯҷабарорӣ лозим мебошад) онро боз намуд. Аз инкубаторе, ки телефон надошт, 17 чӯҷа (ин меъёри муқаррарист) баромада буд, аммо инкубатори «телефонбоз» ҳамагӣ 7 дона чӯҷаи касалманд бароварду халос… Аз ин таҷриба, ки бо эмберионҳои мурғ гузаронида шудааст, худатон хулоса бароред…
Тавре олимон исбот кардаанд, истифодаи доимии телефони мобилӣ ба калонсолону наврасон ҳам зарари ҷиддӣ дорад, барои ҳамин онҳо махсусан ба мардҳо тавсия медиҳанд, ки телефонро дар кисаи поён нагиранд ва ҳамчунин наздики дил ва ё сар гузоштани онҳо сабабгори сар задани бемориҳои ҷиддӣ, аз қабили омосҳои бадзот (злокачественние опухоли), ба забони одӣ гӯем, бемории саратон шуданашон мумкин аст. Зеро нурҳои электромагнитие, ки телефони мобилӣ ихроҷ мекунад, чунин хосиятро доранд. Аммо тавре гуфтем, зарари телефони мобилӣ ба кӯдакон аз ҳама бештар ва аз ҳама зудтар мерасад. Пас, онҳоро чӣ гуна эҳтиёт кунем, ки аз ин «бало ҳазар кунанд»?
Барои ин, ба андешаи мо, қабл аз ҳама бояд калонсолонро тарбия намуд, ки зарари телефони мобилиро бо ҳамаи нуктаҳояш дарк кунанд ва нагузоранд, ки тифлонашон фирефтаи сомонаҳои дилхушкунанда шаванд. Инчунин, аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта бояд истифода бурд. Масалан, дар Фаронса истифодаи телефони мобилӣ то синни 18‑солагӣ манъ аст. Чунин қоидаҳо дар шакли гуногун, дар дигар кишварҳои Аврупо низ вуҷуд доранд.
Мутаассифона, аксар вақт мо тавони онро надорем, ки фарзандони худро аз ин «балои осмонӣ» ҳимоя кунем ва ҳатто баъзан онҳоро ба ин кор чун модари Иброҳимҷон худамон тарғиб мекунем. Ҳарчанд дар ин маврид кӯшишҳо ҳастанд, аммо ин ҳанӯз кам аст, зеро ба кишвару халқи мо насли нави солим лозим аст, на бемор. Агар ин масъала дар сатҳи ҳукуматӣ баррасӣ шавад натиҷаи беҳтар хоҳад дод…
… Дар автобус нишастаам ва дар паҳлӯям писараки тақрибан 10–12‑сола бо телефони мобилӣ «футболбозӣ» мекард. Ин дам, марди миёнсоле ба ӯ наздик шудаву ба зани калонсоле ишора намуда, гуфт:
— Писарҷон, намешавад, ки ба ин холаат ҷой диҳӣ?
Писарбача бе он, ки сарашро аз телефон боло кунад, бо дасти дигараш дастгираки нишастгоҳро дошта аз ҷояш бархост ва бевосита дар болои рафаки автобус нишаста, гӯё чизе нашуда бошад, ба бозии худ идома дод. Магар чунин ҳолатро «гипнози телефонӣ» гуфтан мумкин нест?
… Ба наздикӣ Иброҳимҷонро ҳамроҳи модараш дидам, ки дар чашм айнак меомад.
— Чӣ гап шуд, магар ба чашмат ягон чиз даромад? — ба болои сараш хам шуда пурсидам ва қасдан ин саволро ба модараш нею ба худаш додам.
— Э, ҳамсояҷон, напурсед, духтур мегӯяд, ки 30 дарсади биноияшро аз даст додааст ва акнун бояд то охири умр айнак гирад… Сабабашро истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобилӣ мегӯяд… Ман бошам, фахр мекардам, ки писарчаи хурдсоли ман метавонад дар телефони мобилӣ чанд амалиётро иҷро кунад. Ин «бало» аз куҷо пайдо шуд?
— Ин «бало»-ро худатон овардед, — гуфтаму роҳамро давом додам…
Ба назари ман, ҳоло яке аз масъалаҳое, ки сари он бояд андеша кунем, ана ҳамин аст…
А.АҲМАДЗОДА, журналист.
