Дар арафаи таҷлили ҷашни аз ҳама азизи миллӣ – 33-юмин солгарди истиқлолияти Ватани мо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Фармон «Дар бораи афви гурӯҳи шахсоне, ки муҳлати ҷазоро гузашта, аз кирдори худ сидқидилона пушаймон шудаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд» имзо гузошт.
Бо Фармон мутобиқи банди 23-юми моддаи 109-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон 522 нафар шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят муҳлати ҷазоро адо намуда, аз кирдорашон сидқидилона пушаймон шудаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд, афв карда шуданд.
Аз афвшудагон 159 нафар аз адои ҷазои асосӣ пурра, 303 нафар шартан аз адои ҷазо озод карда шуда, ҷазои нисбат ба 60 нафар таъиншуда, бо ҷазои сабуктар иваз карда шуд.
Дар миёни афвшудагон 19 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, 56 нафар занон, 25 нафар мардони аз 60-сола боло, 233 нафари то 30-сола (аз ҷумла, як нафар ноболиғ) ва 27 нафаре ҳастанд, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнӯъ ширкат кардаанд.
Дар доираи татбиқи Фармон ба вазорату идораҳои масъул супориш дода шуд, ки бобати баргардонидани ашхоси афвшуда ба ҳалқаи оила ва наздиконашон, мусоидат ба мутобиқшавии иҷтимоӣ, ҷалб кардани онҳо ба меҳнати фоиданок, интихоби тарзи ҳаёти солим ва дар ҷомеа ишғол намудани ҷои сазовор кумак расонанд.
Ба муносибати иди истиқлол 522 нафар маҳкум афв гардиданд
