Ovozi.uz

Ба модаркалони 120 сола медали «Шӯҳрат» супорида шуд

Мувофиқи Фармони раисиҷумҳур сокини ноҳияи Иштихон Бувсара Саидова бо медали “Шӯҳрат сарфароз гардид.
Ҷонишини ҳокими вилоят Зебинисо Раҳмонова дар хонадони модаркалон рафта, аҳли хонаводаро ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
табрик гуфт ва ин ҷоизаи олиро ботантана супурд. 
Қайд гардид, ки ин нишонаи он аст, ки дар мамлакати мо шаъну шарафи инсон баланд аст.
Бувсара Саидова соли 1903 дар ноҳияи Иштихон таваллуд ёфтааст.  Солҳои зиёд дар колхози ноҳия кор карда, шаш нафар фарзандро тарбия намуд. Имрўз модаркалон 120-солагии худро дар ҳалқаи фарзанду набераҳояш пешвоз мегирад.
Модаркалон шукронаи сулҳу оромии имрӯзаро карда, барои эътибор ва ғамхорӣ ба халқамон ва Президенти мамлакатамон миннатдорӣ баён кард.
Хизмати матбуоти Садорати оила ва занону духтарони вилоят.