Сохтмони биноҳои Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд (ҶММ)-и «Сам Тери Тайёрлов» дар маҳаллаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд як-ду сол пеш оғоз ёфта, 8‑уми июни соли 2019 ба кор даромад. Барои сохтмону таҷҳизоти он, ки ба талабҳои қарори рақами 386‑уми Девони Вазирони мамлакат ҷавобгӯ аст, 1,3 миллион доллари амрикоӣ сарф карда шуд. Барои бунёди он асосан худи аъзоёни ҷамъият маблағгузорӣ карданд.
Иқтидори лоиҳавии кушхонаи он рӯзе имкони забҳ(сар буридан)-и то 500 сар моли калон ва 2000 сар моли майдааст.
Ин коргоҳи замонавӣ дорои шароитҳои хуб ва зарурӣ буда, бо таҷҳизоту ускунаҳои Туркия таъмин гардидааст. Дар ин ҷо аз сар задани мол то коркарди узвҳои дохилӣ, пӯст ва пашми ҳайвонот ба роҳ монда шудааст.
— Яке аз масъалаҳои асосие ки бисёр қассобонро ба ташвиш меовард, аз назорати ветеренарӣ гузронидани мол ба ҳисоб меравад, — гуфт духутри ҳайвоноти кушхона Абдуазиз Тилавов. — Бо хоҳишу дархости онҳо дар кушхона лабораторияҳои сирелогиву бактериологӣ ташкил карда шуданд. Мо молҳое, ки барои куштан меоранд, пешакӣ аз назорати ветеринарӣ мегузаронем. Агар ҳарорати баданаш баланд бошад, ду-се рӯз нигоҳ медорем. Барои ин молхона ҳаст. Сиҳатии молҳо ба меъёрҳои муқарарраршуда мувофиқат кунанд, баъд ба куштан иҷозат медиҳем. Барои риояи тозагиву покизагӣ, тарзи куштани молҳо ва дигар амалҳо камераҳои назоратӣ мавҷуданд. Дар кушхона аксари корҳо ба тарзи автоматӣ ба ҷо оварда мешаванд. Ҳатто тарозуи электронӣ дорем, ки бо он яклухт баркашида гирифтани гӯшти гов ё гӯсфанди муштариён мумкин аст.
Ҳоло мисли солҳои пеш хоҷагиҳои давлативу коллективӣ вуҷуд надоранд. Молҳои хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ камшуморанд. Бинобар ҳамин, якбора ба куштани молҳои зиёд эҳтиёҷ камтар шудааст. Ҳаминҳоро ба назар гирифта, ба роҳбари корхона савол додем.
— Ҳозир чӣ гуна муаммоҳо мавҷуданд, ки ба пешрафти корҳои корхона монеъ мешаванд?
— Муаммоҳо кифояанд, — гуфт роҳбари ҶММ «Сам Тери Тайёрлов» ҳоҷӣ Олим Козимов. — Корхонаи мо бояд бо усули кластерӣ кор мекард. Вале аз чандин самти кор ҳоло танҳо се-чор намуди кор иҷро карда мешаванд. Мо дар айни замон молхона, кушхона, амборҳои нигаҳдории пашму пӯст дорем. Барои саҳмгузори дар бехатарии озуқаворӣ, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ ба хоҷагиҳои чорпарварӣ, қассобҳо ва ғайра корҳи зиёдеро ба ҷо меорем. Аз ҷумла, лаборатория ташкил кардем, овардани мол ва бурда расонидани гӯштро ба роҳ мондем, ҳатто узвҳои дохилаи ҳайвонотро, ки ба соҳибони мол даркор нестанд, харида мегирем. Гоҳо бар зарари худ кор кунем ҳам, илоҷи дигаре надорем. Муаммои калон дар ин ҷост, ки шумораи молҳое, ки ба куштан оварда мешаванд, хеле каманд. Хулоса карда гӯем, корхонаи мо ба қадри 10% иқтидори худ кор мекунад…
Ва боз сарвари корхона ҳангоми сӯҳбат илова кард, ки барои ба роҳ мондани коркарди ҳаматарафаи пӯст, ки ҳамчун чарм хомашёи саноатӣ гардад, маблағи калоне зарур аст. Бо чор-панҷ корхонаҳои пӯст шартнома доранд. Ва онҳо пӯстҳои ошдодаву нимтайёрро ба корхонаи коркарди пӯсти Сирдарё, Ҷиззах ва ноҳияи Оҳангарони Тошканд мефиристанд. Пӯсти гову гӯсолаҳои Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Аз пӯсти гӯсфанд асосан нимтанаҳои чармин истеҳсол мекунанд. Харидорони пӯсти моли майда кам шуданд. Пештар каму беш фурӯши онҳо имкон дошт, ҳоло талабгоронаш нестанд. Дар айни замон нимтанаҳои сунъӣ мӯд шудаанд. Бинобар ҳамин, дар анбори корхона бештар аз 1000 пӯсти хуби гӯсфанд нигоҳ дошта мешавад, вале харидор надорад. Инчунин, истифодаи пашми гӯсфанд ҳамчун ашёи хом кай ба роҳ монда мешавад, касе намедонад.
Боз як масъалаи муҳим назорати қатъӣ надоштани забҳи молҳо мебошад. Ба ақидаи соҳибкорон ҳар рӯз дар шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои атрофи он тақрибан 400 сар молро сар мезананд. Ва ҳол он ки мувофиқи иловаи 1‑и боби 2‑и банди 5‑уми қарори рақами 386‑уми Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 8‑уми майи соли 2019 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмилдиҳии системаи ба бозори истеъмоли расонида додани гӯшт ва маҳсулотҳои гӯштӣ, инчунин ба тартиб даровардани фаъолияти корхонаҳои ихтисосонидашудаи забҳ» гуфта шудааст, ки ҳайвонот бо мақсади тиҷоратӣ дар ҷойҳои хурди забҳ ва корхонаҳои ихтисонидашуда зарур будани кушонидан ва дар ҷойҳое, ки рухсат дода нашудаанд, аз ҷумла дар шароити хона куштани ҳайвонот бо мақсади тиҷоратӣ қатъиян манъ карда шудааст.
Аз болои ин амалҳои қассобону соҳибони молҳо кай назорат ҷорӣ мегардад?
Бахтиёр ҶУМЪАЕВ,
мухбири махсуси «Овози Самарқанд».
