Ovozi.uz

Кай бахт ба назди одам меояд?

Хун Сзичэн адиби Хитойи асри XVII аст. Китоби «Таъми решаҳо»-и ӯ аз маҷмӯи ҳикматҳо иборат мебошад. Ба шарофати ин китоби ӯ ҳикмат ба жанри анъанавии Хитой дахил гардидааст.
Агар рӯҳ сарду дил бераҳм бошад, дар ягон кор комёбӣ насибат намегардад. Агар дил орому рӯҳ ботамкин бошад, худи бахт ба пеши ту меояд.


Агар саҳрои пеши назарамон васеъ доман паҳн карда бошад, намуди он фаромӯш намешавад. Ёди накӯкориҳое, ки мо баъди худ мегузорем ва онҳо ба дуриҳо паҳн мешаванд, кам намегарданд.


Ба дӯстон нисбати худат сеяк бештар гузор. Барои худ ҳеҷ набошад зарраҳои тозагии ибтидоии дилатро нигоҳ дор.


Агар ту ба боварӣ сазовор бошӣ, ҳатто одами бадкирдорро ҳам фиреб мадеҳ. Агар соҳибқувватӣ аз бартарии худ мағрур мабош. Агар ту эътиборе дошта бошӣ, камбудиҳои дигаронро ошкор макун. Агар ту соҳиби лаёқате набошӣ, ба ӯҳдабароии дигарон ҳасад мабар.


Агар дар одам ягон ақидаи самимие набошад, вай ба камбағале монанд аст, ки аз ҳама ҷо бо дасти холӣ баромада меравад. Агар одам ягон хел ҳавасмандии ҳақиқӣ надошта бошад, вай ба мисли бути чӯбин аст, дар ҳамон ҷое меистанд, ки гузоштаанд.