Дар рӯзҳои гарму тоқатфарсои тобистони имсола масъалае, ки дар рӯзнома ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар мавриди баррасӣ қарор гирифт, ҳолати истгоҳҳо буд. Журналистон бонг заданд, ки истгоҳҳо ба шароити обу ҳаво мусоид нестанд.
Ин гуна истгоҳҳо, ки дар ҳавои гарм дар дохили онҳо нишаста намешавад ва агар касе нишинад, нафасгардон мешавад, дар шаҳри Самарқанд ҳам кам нестанд. Муаллифи ин сатрҳо борҳо шоҳиди он гардида, ки мусофирон аз сабаби офтобӣ будани истгоҳҳо дар беруни истгоҳ ё дар зери сояи дарахтон интизори автобус нишастаанд. Ҳатто, даруни баъзе истгоҳҳо соя бошад ҳам, одамон барои гарм будани дохили онҳо, ба зерашон намеоянд. Чунки аксарияти истгоҳҳои шаҳр бо масолеҳе бунёд ёфтаанд, ки гармии офтоб аз онҳо дучанд мешавад.
Ҳарчанд, тобистон мегузарад ва рӯзҳо салқинтар мегарданд, вале муаммои истгоҳҳо бартараф нахоҳад шуд. Зеро муаммои дигар — дар обу ҳавои боронӣ ва ё сард ҳам ба талаб ҷавоб надодани онҳо ба миён меояд. Ҳанӯз фасли баҳор буд, ки камина якчанд истгоҳҳои зери борон мондаи шаҳри Самарқандро мушоҳида карда ва акси онҳоро гирифта будам. Хусусан, истгоҳҳои «Хонаи матбуот» (истгоҳи рӯбарӯи майдони «Спартак»), «TATU» (истгоҳи назди филиали Донишгоҳи давлатии технологияҳои ахбори Тошканд дар Самарқанд), «Чорраҳаи Даҳбед» (истгоҳе, ки дар роҳи «Gelion» гузошта шудааст) на дар ҳавои гарм ва на дар ҳавои боронӣ ба талаб пурра ҷавоб намедиҳанд. Бешак, ҳоло бо наздик шудани фасли тирамоҳ ва мавсими боронгарӣ, дубора муаммои тар шудани нишастгоҳҳои зери истгоҳҳо ба аксарияти сокинон номусоидиҳо ба миён меорад.
Ҳарчанд, аксар истгоҳҳои шаҳр намуди зебо доранд, вале, мутаассифона, тарҳрезон ба шароити обу ҳаво мусоид будани онҳоро он қадар ҳам ба инобат нагирифтаанд. Истоҳ агар вазифаи худро иҷро ва ба мардум хидмат нанамояд, аз он ва сарфи маблағе, ки барои бунёди он ҷудо мешавад, чӣ фоида? Хуб мешуд, ки идораҳои масъул ҷиҳати ба обу ҳаво мусоид будани лоиҳаи истгоҳҳои навро ба инобат гирифта, сипас, ба сохтани онҳо шуруъ кунанд. Имрӯз, ки замон бо суръати баланд пеш меравад, мо барои мардум истгоҳҳои оддии бароҳат сохта натавонем, пас кай ба «истгоҳҳои ҳушманд», ки бо дастгоҳҳои гармидиҳиву сардидиҳӣ, вай-фай ва ғайра таҷҳизонида мешаванд, расида метавонем?
Инҷо танҳо ба обу ҳаво мусоид набудани баъзе истгоҳҳои шаҳри Самарқандро баён кардему халос. Вале муаммои истгоҳҳо бо ин анҷом намеёбад. Дар баъзе истгоҳҳо вуҷуд надоштани қуттиҳои партов, ба мағоза табдил ёфтани қисми зиёди онҳо, шабона кор накардани экранҳои таблиғотӣ ва барқ, кушода будани пушти баъзе истгоҳҳо ва боз камбудиҳои зиёди дигарро низ метавон баррасӣ кард.
Хонандаи азиз, шумо дар ин бора чӣ фикр доред?
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
