Ба роҳ баромадам. Аз як мошин фуромада, ба дигаре савор шудам. Аз он ба мошини дигар гузаштам. Манзил дур буд… Аммо гап на дар манзил буду на дар мошинҳо. Ба кадом мошине, ки савор мешудам, дар ҳамаашон сурудҳое садо медоданд, ки тавассути зеҳни сунъӣ сохта шудаанд.
Ҳангоми дар мошин гӯш кардани мусиқии ин сурудҳо бад садо намедиҳад. Панҷ-шаш суруди ба ҳамдигар монандро бо кайфияти «Наход ҳамин ҳам санъат шуд?!» гӯш карда, оқибат кӯшиш кардам диққат ва тафаккур кунам.
Матнҳояшон ҳам бо ёрии зеҳни сунъӣ офарида шудаанд ва чунон кайфияти касро вайрон мекунанд, ки эзоҳ намеёбам. Аз маҷмӯаи алгоритмҳо шунидани ҷумлаҳое дар бораи ҷамъ шудани абрҳо дар осмон ва зарурати дуруст рафтор кардани инсонҳо ба кас алам мекунад. Суханони чунин сурудҳоро ҳеҷ кас намехоҳад аз ёд кунад. Онҳо танҳо барои дар роҳ гӯш кардан мувофиқ мебошанд.
Дар чунин лаҳза, ҳатто, ба эҷодкори ақибмондатарини шоу-бизнес ҳам сари таъзим фуруд овардан мехоҳад одам. Ақаллан, матни суруде, ки онҳо иҷро мекунанд, аз ҷониби як эҷодкор навишта шудааст.
Вақтҳои охир, тасаввур мекунам, ки эҳтимол дар оянда барои наслҳои оянда чизе намонад, ки сазовори дар хотир нигоҳ доштан бошад ва ин ба як муаммои ҷаҳонӣ табдил ёбад. Оё онҳо хоҳиши аз ёд кардани матнеро хоҳанд дошт?
Зеҳни сунъӣ паҳлӯҳои хуби зиёд ҳам дорад. Вале на ин!
Аҳолии ҷаҳон дар баробари маълумоти бисёр муҳим, анбӯҳи бузурги маълумоти тамоман нолозимро низ қабул мекунад. Мо ба ғуломони ахбор, ба мустамлика табдил меёбем. Ба мухлисони сурудҳое, ки тавассути зеҳни сунъӣ офарида шудаанд ва умуман дар хотир намемонанд.
Баъди чанд мусиқии «сохташуда», вақте магнитофон ба навохтани таронае аз эҷодиёти классикон оғоз кард, он ба назарам чунон азиз намуд. Овози шинос, суруди аслӣ! Ҳар чӣ бошад ҳам, агар санъатро санъаткор офарад, суханашро шоир нависад ва оҳангсоз ба он оҳанг эҷод кунад, он гоҳ маҳсули воқеии эҷод ба вуҷуд меояд. Беҳуда нагуфтаанд: «Гунҷишкро ҳам кушад, қассоб кушад!».
Баъзе сурудҳои санъаткорон, ки тавассути зеҳни сунъӣ коркард шудаанд, ба ман ҳам писанданд. Аммо, бигзор худи зеҳни сунъӣ ба «эҷодкорӣ» машғул нашавад. Бигзор моро идора накунад. Мо инсонем! Мо бояд онро идора кунем!
Бигзор, ҳамин тавр бошад!
Шаҳзод КЕНҶАЗОДА
Суруди асил ва сунъӣ: кадом беҳтар аст?
