Ovozi.uz

Адиби сермаҳсул

Ҳар сол дар оғози фасли баҳор шогирдону мухлисон, хешу пайвандон, ёру дӯстон, фарзанди фарзонаи Самарқанд, Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Шодон Ҳаниф (Шодӣ Ҳанифов)-ро хосатан дар зодгоҳаш — деҳаи хушҳавои Оҳалик ба ёд меоранд. Агар ҳоло ин нависандаи сермаҳсул дар қайди ҳаёт мебуд ба синни 90 медаромад. Сад дареғо, ки моҳи апрели соли 2007 дар садамаи нақлиётӣ нобаҳангом чашм аз олами ҳастӣ пӯшид.
Қадами қатъӣ
Меҳру муҳаббат ба адабиёту санъат дар дили Шодон Ҳаниф ҳанӯз аз солҳои мактабхонӣ маъво гирифта буд. Пайваста китоб мутолиа мекарду аз паи таҳлили нигоштаҳои муаллифони кутуб мешуд. Соли 1952, вақте донишҷӯи Омӯзишгоҳи омӯзгории Самарқанд буд, ба идораи рӯзномаи ҷумҳурии «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») мақола фиристод. Баъди чанд муддат аз идораи рӯзнома нома расид, ки дар он маслиҳатҳои муфид дода буданд.
Мукотибаи ӯ бо идораи рӯзнома дар байни мардуми кӯҳистон зуд паҳн шуд. Акнун ҳама ба вай «мухбир» гӯён муроҷиат мекарданд.
Ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи тарҷумонии факултети таъриху филогияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супорид. Дар имтиҳони қабул Парвардигор ба ӯ забони гӯё ва иқбол доду номи «донишҷӯй»-ро гирифт.
Акнун ба ӯ имконияти вохӯрӣ бо кормандони идораҳои рӯзномаю маҷаллаҳо пайдо шуда буд. Вай баробари таҳсил ба кори эҷодӣ даст зад. Бо маслиҳати ходимони матбуот асарҳои адибони русро ба тоҷикӣ баргардонд. Рӯзе аввалин ҳикояи лирикии худро ба идораи рӯзномаи ҳамонвақтаи «Тоҷикистони советӣ» овард. Нависанда ва шоири маъруф Аминҷон Шукӯҳӣ баъди бо ҳикояи ӯ шинос шудан гапро аз таъриф оғоз намуд.
— Мавзӯи ҳикоя бад нест, — гуфт вай, — аммо ба шумо, додарҷон, лозим аст, ки захираи луғавии худро ғанӣ гардонда, асарҳои овозадори адибонро мутолиа намоед. Дар тинати шумо чизе ҳаст, фақат онро сайқал додан зарур.
Бояд гуфт, ки ҳикояи аввалини ӯ бо таҳрири Аминҷон Шукӯҳӣ рӯи чопро дид. Адиби ҷавон аз чунин муваффақият рӯҳбаланд гардида, домани эҷодро маҳкам дошт. Акнун дар дигар газетаву журналҳои Тоҷикистон низ лавҳа, ҳикояҳои бачагона, репортажҳои шавқовар, мусоҳибаҳои дилчасп, очеркҳои проблемавӣ, фелетонҳои нишонраси вай интишор мегардиданд. Ин буд, ки баъди хатми донишгоҳ ӯро ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ҳамчун ходими адабӣ ба кор қабул карданд. Дар деги калони журналистика пухт. Аз устодони меҳрубону ғамхор Ҷалол Икромӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мутеулло Наҷмиддинов ва дигарон асрори ин касбро омӯхт.
Китоби аввалинаш бо номи «Майна» (соли 1968) ба табъ расид. Пас аз он асарҳояш бо унвони «Қаҳрамони Вахш» (1973), «Вохӯрӣ» (1974), «Кӯҳ ба кӯҳ мерасад» (1976), қиссаи «Пайроҳаи оҳугузар» (1975), романҳои «Ҷон ба гарав» (1982), «Дил ба ёдгор» (1991), «Уқоби захмин» (1994), «Хунбаҳо» (1995), «Розҳои Шаҳнон» (2003), «Дар паноҳи Ҳиндукуш» (2004), «Меъмори Ваҳдат» (2004 бо ҳамқаламии Султон Мирзошоев) ва ғайра чоп шудаанд.
Вохӯрии тақдирсоз
Рӯзе мо саргарми кор будем, ки муҳаррир Насриддин Зайниев бо як марди қадбаланду фарохсина, ки сару либосаш ба худаш мезебиду мӯйи мошу биринҷӣ дошт, ба утоқи корӣ ворид шуд.
— Меҳмони мо нависанда ва рӯзноманигор Шодон Ҳаниф, — муаррифӣ кард муҳаррир ва баъд ҷониби мо ишора кард:
— Шодиҷон, ана ин кас Зоҳир Ҳасанзода, инашон Раҳим Мавлонӣ, ана вай духтарак Нигораи Ислом.
— Нағз, нағз, — гуфта ӯ ба курсӣ нишаст ва бастаҳои рӯзномаро саросема як-як варақ зад. Котиба чой ва ширинӣ овард. Сӯҳбати мо дар атрофи як пиёла чой қӯр гирифт. Барои пешрафти эҷодиёти мо маслиҳатҳои муфид дод. Вай ҳар гоҳ, ки аз Душанбе ба Самарқанд ояд, албатта меҳмони рӯзнома мегардид.
Баъдтар бо таклифи ӯ ду рӯз ба кӯҳсор сафари эҷодӣ кардем, он барои навиштани қиссаи «Меҳробод»-и ман асос шуд. Ғояи асар ҳифзи табиат, бунёди боғ ва дар оянда мамнӯъгоҳ эълон кардани дараи Оҳалик, яъне собиқ Шаҳнондара гардид.
Воқеан, пас аз сафари кӯҳсор ӯ қиссаи тарҷумаиҳолии «Розҳои Шаҳнон»-ро эҷод кард, ки доир ба бачагӣ, душвориҳои солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ нақл карда, дар он чеҳраи баъзе шахсони дилозор, худписанду худбин устокорона офарида шудааст. Устод, инчунин завқи баланди шеъргӯӣ ва сурудхонӣ дошт. Ҳоло ҳофизони оҳаликӣ шеърҳои ӯ, аз ҷумла шеъри «Самарқанд»-ро бо завқ иҷро мекунанд.
— Ҳар боре қадам ба зодгоҳ мегузорам, ҳиссиёти аҷибе вуҷудамро фаро мегирад, — бо лабханди базеб мегуфт вай. — Фахру ифтихорам нисбати «дари бахту умедам — Оҳалики зебоманзарам» афзуда курта-­курта гӯшт мегирам. Як дафъа бо чанд нафар шоиру нависандагони тоҷик ба Оҳалик омадем, онҳо ба ваҷд омада, хотироту шеърҳои аҷибе иншо кардаанд.
Сухане бар сухане зам шавад…
Сӯҳбати мо бо устоди нуктасанҷ Шодон Ҳаниф доир ба адабиёт, асарҳои нав, вазифаи нависанда ҳамеша дер давом мекард. Боре бо журналист ва адибони ҷавон Раҳим Мавлонӣ, Озод Ҳамидзода, Шӯҳрати Ҳусейн меҳмони хонадони ӯ шудем. Он бегоҳ шаби маҳтобии Шаҳнондара — Оҳалик таровати хосса дошт. Мо ҳам шоҳмот мебозидем, ҳам саволу ҷавоб мекардем.
— Ман дар тӯли эҷодиёти беш аз 50‑сола аз адибони маъруфи тоҷик бисёр чиз омӯхтам. Яке аз онҳо ҳамдиёрам, устоди сахтгир, вале меҳрубон, нависандаи қолабшикану тозанигор Фазлиддин Муҳаммадиев мебошанд, — бо фахр иброз дошт Шодон Ҳаниф. — Суханони ӯ: «Фақат асаре, ки бо хуни ҷигар эҷод шудааст, ба дили кас роҳ меёбад ва дар лавҳи хотираш нақш мебандад», меъёр, андозаи эҷодиётам шуд.
Медонед, дар сари мизи кориям шамъдони мунаққаши биринҷӣ ҳаст, ки он ёдгор аз ин устоди арҷманд мебошад. Дар панҷоҳсолагиам ҳадя карда, бо табассуми орифона гуфтанд: «Дар ин шамъи саломат афрӯзед, дар амну амон ва офият умр ба сар баред!» Ба устод сипосгузорӣ карда, гуфтам, ки «Шумо ҳам тандурусту саломат бошед, муаллим. Бисёр шогирдонатон, ки ба корвони мактаби адабии Шумо худро пайвастаанд, роҳи тӯлониро думболагирӣ мекунанд». «Думболагирӣ не, ин шербачаҳо ҳадаҳа карда ва бе пӯш-пӯш аз корвон гузашта мераванд», — маро ислоҳ карданд устод.
Аз ин шӯхию назокати сухан як эҳсоси комил доштан ба нерӯи адибони ҷавон бармеомад, ки ин тариқи сӯҳбат яке аз хислатҳои наҷиби устод буд. Дар ҳар сӯҳбати он кас латофату назокати сухан ва тозахаёлӣ дар тарзи фикру зикр мисли гулҳои баҳорӣ барг-барг мешукуфт ва ҳамаро шефтаи худ мекард. Дарахти эҷодиёти он кас мисли чанор бо оҳистагӣ ва ба тадриҷ нумӯъ мекард, қад меафрохт.
Маслиҳату насиҳати ман ба шумо, шогирдон бештар, такрор ба такрор асарҳои устод Садриддин Айнӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, инчунин Ҳаким Карим, Пӯлод Толис, Ҷалол Икромӣ ва албатта ганҷинаҳои адабиёти ҷаҳонро мутолиа кунед, — хулоса намуд ӯ. — Ана баъд, навиштан ва боз навиштан лозим, гарчанде «сухане бар сухане зам шавад, қатрае аз хуни ҷигар кам шавад» гуфтаанд.
Пешниҳоди амини деҳа
Баъди фалокат дар роҳи Хоҷа Оби Гарм — Душанбе устод Шодон Ҳаниф дар бемористон табобат меёфт ва аз меҳрубонии ҳамсари вафодораш Сайёра Нуруллоева, гулдухтаронаш Сурайё, Рухсора, Фарзона, Мунаввара, домоду ҷиянҳояш, парастории ҷарроҳон умед дошт, ки сиҳат шуда, ба зодгоҳ баргашта бо эҷодиёт машғул мешавад. Он солҳо ба Душанбешаҳр рафтан мушкилиҳо дошт. Бинобар ҳамин, тавассути телефон сӯҳбат карда, хоҳиш мекард, ки илоҷаш бошад ҷасадашро дар Самарқанд ба хок супорем.
Афсӯс, васияти вопасини ӯ амалӣ нашуд. Ҳукумати Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баъди вафоташ ҷасади ӯро дар қабристони Лучоб, дар шафати намояндагони барҷастаи адабиёту фарҳанг ба хок супурданд…
Ба муносибати 75‑солагии устод дар кулбаи хоксоронааш нимпайкараи ӯро, ки ҷиянҳои ҳайкалтарош Бокир ва Зоҳир офаридаанд, бо тантана гузоштанд.
Адибони шинохтаи Самарқанд, шогирдону дӯстони соҳибҷашн ба сухан баромада ёди неки Шодон Ҳанифро карданд. Амини деҳа Ашӯрбой Шоҳмақсудов пешниҳод кард, ки яке аз кӯчаҳои марказии ноҳияи Самарқанд ё деҳаи Шаҳнондара — Оҳалик ба номи ӯ гузошта шавад. Афсӯс, аз байн 15 сол гузашту то ҳол ин таклифи наҷиби амини маҳалла амалӣ нагардидааст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.