Ovozi.uz

ОСОРХОНАИ БАХШИИ СОҲИБИСТЕЪДОД

Осорхона оинаи таърихи гузашта аст. Он одамҳоро бо гузашта шинос карда, расидан ба қадри ҳаёти имрӯза, гирифтани сабақ барои боз ҳам пеш рафтан такон мебахшад. Ҳоло дар пойтахт ва маркази вилоятҳо музейҳо бисёр бошанд ҳам дар шаҳру ноҳияҳо ангуштшуморанд. Бо вуҷуди он, фидоиёни ин соҳа фаъолияти онҳоро ба роҳ монда, ба халқ хизмати шоиста мерасонанд. Яке аз чунин осорхонаҳо Музейи ёдгории Фозил Йӯлдош ӯғли мебошад, ки дар маҳаллаи Фозил Йӯлдоши ноҳияи Булунғур амал мекунад. Мо ҳангоми пресс-туре, ки дар ин ноҳия ташкил карда шуда буд, бо роҳбари он Нодир РАҲИМОВ вохӯрда, бо чанд савол муроҷиат намудем.
— Бисёр ҷавонон саргарми телефонбозианд ва дар бораи Фозил Йӯлдош ӯғли тасаввуроти дурусте надоранд. Бинобар ҳамин, сараввал дар бораи ин шоиру бахшии маъруф каме маълумот медодед.
— Бахшии халқии ӯзбек Фозил Йӯдош ӯғли охирин намояндаи асосии мактаби достонсароии Булунғур ба ҳисоб меравад. Ӯ соли 1872 дар деҳаи Лойқа (Бедонаи хоҷагии ҷамоавии «Янги Меҳнат»-и ноҳияи Булунғур) таваллуд шуда, шогирди Йӯлдош Мулло Мурод аст. Оилаи Фозил Йӯлдош ӯғли асосан бо деҳқонӣ ва каму беш бо чорводорӣ машғул буд. Ӯ соли 1877 аз падараш ятим монд. Бо мақсади ёрӣ расондан ба модар ва рӯзгор аз синни 9‑солагӣ дар ҷойи ростомада подачигӣ кард. Баъдтар дар ин бора худи бахшӣ достони «Кунларим» («Рӯзҳоям»)-ро эҷод кардааст.
Баъдтар Фозил Йӯлдош ӯғли асрори деҳқонию чорводориро омӯхта, номи даравгари аз ҳама моҳири деҳаи Лойқаро гирифт. Аммо пас аз сари падар хотираҳои дардноки айёми бачагиву ҷавонӣ, ки бо модар дар ҷустуҷӯи як луқма нон сарсону саргардон шуда буд, мисли суруд аз танӯри синааш берун омада, ба ӯ оромӣ намебахшиданд. Фозили ҷавон, ки рама мечарронд ва нақлу ривоятҳое, ки дар айёми бачагӣ шунидаву дар зеҳни худ маҳфуз медошт, ба ёд оварда, ба таври худ хиргоҳӣ мекард.
Йӯлдош шоир дар истеъдоди худододро Фозили ҷавон — чӯпони 19‑сола як пай бурда, ӯро ба шогирдӣ гирифт. Ӯ ба Фозили ҷавон зиёда аз чил достони халқиро омӯзонд. Вақте ки ба синни 20‑солагӣ расид, ӯро ҳамроҳи худ ба тӯю зиёфатҳо бурд, дар ҳалқаи бахшиҳо аз санҷишҳо гузаронд, хатову норасоиҳояшро ба худаш фаҳмонд ва ба дараҷаи шоири баркамол расонд. Вақте Фозил дар синни 25–26‑солагӣ ба зодгоҳаш баргашт, ӯро аллакай ҳама ҳамчун Фозил бахшӣ мешинохтанд.
Ӯ шоҳасарҳои бебаҳои беҳтарин — достонҳои ӯзбекиро аз сарояндагони пешқадами мактаби эпосии Булунғур ба мисли Амин бахшӣ, шоир Чинӣ, шоир Товбузар, шоир Чайдиш, Қурбонбек бахшӣ, Султонмурод бахшӣ ва дигарон омӯхта, ғанӣ гардондааст ва ба пояи нави фавқулодда баланд бардоштааст.
Фолклоршиносон аз Фозил Йўлдош ўғли «Алпомиш», «Ёдгор», « Юуф ва Аҳмад», «Муродхон», «Рустамхон», «Ширину Шакар», «Таваллуди Гўрўғли», «Ба қатл ҳукм кардани Авазхон», «Маликаи айёр», «Интизор», «Нурали», «Машриқо», «Зулфизар», «Балогардон», «Ҷаҳонгир», «Зевархон», «Фарҳод ва Ширин», «Лайли ва Маҷнун», «Баҳром ва Гуландом», «Ошиқ Ғариб», «Зулфизар бо Авазхон» барин зиёда аз 30 достонро навишта гирифтаанд.
— Зиндагӣ маҷбур месозад, ки эҷодкор ҳамнафаси замон бошад. Албатта, шоир дар мавзӯъҳои замонавӣ ҳам асарҳо эҷод кардааст?
— Бале, шоир Фозил Йӯлдош ӯғли, инчунин дар мавзӯъҳои замонавӣ асарҳои зиёде офаридааст. Ба ин дос­тонҳои «Очилдов», «Маматкарим полвон», «Жиззах қӯзғолони» («Исёни Ҷиззах»), «Кунларим» («Рӯзҳои ман»), «Гулшанбоғ», инчунин силсилаи шеърҳои «Жангчи ӯғлимга» («Ба писари ҷанговарам»), «Элат ботир» («Баҳодури миллат»), «Она насиҳати» («Насиҳати модар»), «Куролланинг» («Мусаллаҳ шавед»), «Эр йигитлар майдонда!» («Мардони мард дар майдон»), «Жаҳон тинглагай», («Ҷаҳон мешунавад»), «Болаларимга» («Ба фарзандонам»), «Пушкинга» («Ба Пушкин») ва ғайра дохил мешаванд. Ҳамаи онҳо аз саҳми беназири ӯ дар ганҷинаи эҷодиёти даҳонакии халқи мамлакати мо гувоҳӣ медиҳанд.
— Заминаи асосии таъсиси музейи Фозил Йӯлдош ӯғли дар чист? Чаро ба дигарон неву маҳз ба ин бахшӣ музейи ёдгорӣ ташкил карда шуд?
— Таъсиси Осорхонаи ёдгории Фозил Йӯлдош ӯғли, ки дар маҳаллаи ба номи ӯ ҷой гирифтааст, асосҳои таърихии муҳим доранд. Дар асрҳои 18–20 маркази бахшичигии ноҳияи Булунғури вилояти Самарқанд ба дараҷаи ба чашм намоён тараққӣ карда буд. Зеро бахшиёни мактаби достонсароии Булунғур бо иҷрои достонҳои қаҳрамонӣ машҳур буданд. Достонҳои дар репертуари ин мактаб буда, бо соддагӣ, хеле анъанавӣ ва нисбатан қадима будани худ фарқ мекарданд. Амин бахшӣ, шоир Муҳаммад, шоир Чинӣ, шоир Товбузар, шоир Қурбонбек, Султонмурод, Йӯлдош Булбул, Йӯлдош Мулло Мурод ӯғли, Раҳим Булбул, шоир Ҷӯра, Дӯстёр Хоҷаёр ӯғли, Хӯҷаназар бахшӣ, Қӯлдош бахшӣ, Суярқул бахшӣ, худи Фозил Йӯлдош ӯғли, Ёрлақаб Бекназар ӯғли барин даҳҳо нафарро ин маркази бахшичигӣ муттаҳид намудааст. Онҳо дар Булунғур, Пайариқ, Ғаллаорол, Зомин, Ҷиззах достонсароӣ кардаанд. Ин мардони ҳунар эпосҳоро асосан бо думбура, баъзан бо ҳамоҳангии қӯбиз иҷро мекарданд. Аз намояндагони ин мактаб сурудаҳои «Алпомиш», «Ёдгор», «Юсуф бо Аҳмад», «Машриқо», «Балогардон», «Нуралӣ», «Ширин бо Шакар», «Рустамхон», «Муродхон», «Зевархон» ва ғайра хислатҳои мактаби ҳамосоии Булунғурро таҷассум мекунанд. Намояндагони мактаби эпосҳои булунғурӣ дар водии Фарғона, аз ҷумла эпосҳои ӯзбеки дар ноҳияи Янгиқӯрғон таъсири мусбат гузоштаанд
Шоиру нависандагон, Ғафур Ғулом, Ҳамид Олимҷон, Ойбек, Миртемир, Мақсуд Шайхзода ва фолклоршиносон, аз қабили Ҳодӣ Зариф, Мансур Афзалов, Тӯра Мирзоев дар бораи маҳорати шоирии Фозил Йӯлдош андешаҳои беғаразонаи худро баён кардаанд.
Призидентамон Шавкат Мирзиёев барҳақ гуфтаанд: «Дар ҳифзу расонидани эҷодиёти даҳонакии халқи ӯзбек ба насли наврас хизматҳои бебаҳои бобоёни барҷастаи бахшиамон, ба мисли Эргаш Ҷуманбулбул ӯғли, Фозил шоир, Ислом шоир, Пӯлкан шоирҳо бениҳоят бузург мебошад».
— Ҳеҷ чиз худ аз худ пайдо намешавад. Ташаббускор ва таъсисгари асосии музей кист? Дар ин бора ҳам маълумот медодед.
— Ин музей бо ташаббуси Мелибой Раҳимов, ки падари ман мебошанд, ташкил карда шудааст. Ӯ соли 1946 аз фронт баргашта, дар мактаби рақами 27 (ҳоло 37) ба сифати муаллим кор мекард. Ҳангоми кор дар мактаб ӯ бо шоир Фозил Йӯлдош шинос ва дӯст мешавад. Дар шабҳои дарози зимистон ҳардуи онҳо дар бораи ҷанг, кор ва ташвиши рӯзгор рози дил мекарданд. Мелибой Раҳимов, ки бо тафаккури тез, истеъдоди нотакрор, шиносоӣ ва донистани намунаҳои бебаҳои эҷодиёти шоири халқӣ — Фозил Йӯлдош воқиф мешавад ва маҳз дар ҳамон давра шавқи ӯ ба адабиёти бадеӣ бедор мегардад. Дар рагҳои Мелибой Раҳимов ҳам хуни шоириву бахшичигӣ равон буд. Бобои Шералиаш, яъне падари модараш аз намояндагони мактаби эпикии Булунғур ба ҳисоб мерафт.
Азбаски Фозил Йӯлдош шахси бесавод буд, Мелибой Раҳимовро ба хонааш даъват намуда, дар навиштани аризаю маълумотнома ёрӣ мепурсид. Падарам солҳои 1951–1956 бо маслиҳати Фозил Йӯлдош дар факултаи журналистикаи Самарқанд (Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна), таҳсил мекунад. Ҳарчанд бо Одил Ёқубов, Ӯлмас Умарбеков, Маҳкам Маҳмудов, Ҳайдар Иброҳимов, Ёсин Мирзо якҷо таҳсил карда бошад ҳам, васияти Фозил Йӯлдош: «Ман писар надорам, акнун ту маълумотдор шудӣ, номи ман гум нашавад!»-ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Тибқи идеологияи ҳамон замон, ки зиёрати масҷиду қабристонҳоро «одати кӯҳна, ғуломи анъанаҳо кӯҳнашуда» баҳисоб мерафт, саҳл монда буд, ки масҷиди «Ғиштли ота»-ро вайрон кунанд. Барои нигоҳ доштани ин ёдгории меъморие, ки ниёгонамон сохтаанд, Мелибой Раҳимов дар хонақоҳи он барои кушодани музейи Фозил Йӯлдош ӯғли розигии роҳбаронро мегирад. Биноро нигоҳ дошта, дар баробари ин Мелибой Раҳимов сутуну дари осорхонаро бо дастони худ месозад. Барои дарёфти экспонатҳои таърихӣ деҳаҳои гирду атрофи давр мезанад. Аз сокинони маҳалла ашёи рӯзгор, аз ҷониби духтарони шоир сару либос ва асбобу анҷомҳои ин оиларо ҷамъ мекунад. Хулоса, дар тӯли солҳои дароз нигораҳои гуногун ҷамъоварӣ мегардад. Баъдтар бо кӯмаки директори хоҷагии токпарварӣ Қаршибой Ҷуманов дар ҷойи клуби кино, ки дар маркази хоҷагӣ воқеъ буд, бо роҳи ҳашар хона-музейи Фозил Йӯлдош бунёд карда мешавад.
Мелибой Раҳимов бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти шоир достони «Умидли сӯқмоқлар» («Пайроҳаҳои пурумед»)-ро навиштаанд. Падарам соли 2004 аз олам гузаштанд, бо вуҷуди он мардум то ҳол корҳои неки он касро бо ифтихор ба забон меоранд. Ҳарчанд тамоми корҳои мо дар асоси ҷамоатӣ бошанд ҳам имрӯзҳо кори падарамонро давом дода, фаъолияти осорхонаи Фозил Йӯлдош ӯғлиро пеш мебарем.
Ба шарофати дастгирии Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев соли 2022 ба муносибаи 150‑солагии Фозил Йӯлдош ӯғли барои сохтмони нави осорхонаи шоир 4,7 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Дар бунёди осорхона дар маҳаллаи Фозил Йӯлдош саҳми ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ва ҳокими ноҳия Самандар Астонов калон гардид. Ҳамин тавр, бинои хуштарҳу зебои осорхона қад афрохт.
— Зеби осорхона экспонатҳои он мебошад. Дар музей чӣ қадар экспонатҳо маҳфуз аст? Хоҳиш мекунам, ки дар бораи экспонатҳои нодир мухтасар ҳикоя кунед.
— Экспонатҳои осорхона зиёд набошанд ҳам, хеле муҳиманд. Онҳо асосан мактаби достонсароии Булунғурро инъикос мекунанд. Дар осорхона, думбура, ҷома, зини аспи шоир ва дигар олоти хонаводагӣ, лавҳаю маълумотҳо дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Фозил Юлдош ӯғли, қартаҳои сабти овози ӯ, расмҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти шоир, ичунин, қӯбизи Суярқулбахшӣ, аксу маълумотҳо оиди Эргаш Ҷуманбулбул ӯғли, Ислом Назар ӯғли, Муҳаммад Ҷомурод ӯғли Пӯлкан ва дигарон, инчунин, дар бораи бунёдгузори осорхона — Мелибой Раҳимов аксу сурат, нигора ва ҳуҷҷату маълумотномаҳо мавҷуданд. Ҳамчунин, дар осорхона бо расму сурат ва ҳуҷҷатҳо роҷеъ ба таърихи ташкили ансамбли этнографии фолклории «Чавқӣ», маънои вожаи «чавқӣ», расму суратҳои насли якум ва дуюми гурӯҳ шинос шудан мумкин аст.
Мо бо ҳамроҳии аъзои оилаамон оид ба тозагии бинои нави осорхона, ободонию сабзазоркунии гирду атрофи он тамоми корҳоро дар вақташ ба ҷо меорем. Меҳмононро пешвоз гирифта, дар бораи таърихи осорхона, экспонатҳои он маълумот медиҳем.
— Тамошбинони асосии осорхонаҳо киҳоянд? Аз хориҷа ҳам меҳмонон меоянд? Осорхона бо ташкилотҳои дигар низ ҳамкори мекунад?
— Дар ин муддати кӯтоҳ мактаббачагону шаҳрвандони ноҳияҳои гуногуни кишварамон, ходимони давлатӣ ва санъаткорони маъруф, инчунин сайёҳон аз Туркия, Франсия, Германия, Тоҷикистон, Россия ва дигар мамлакатҳо музейи моро тамошо карданд.
Осорхонаи Фозил Йӯлдош ӯғли бо Академияи фанҳои мамлакат, Институти забони ӯзбекӣ, адабиёт ва фолклор, Институти давлатии педагогии Ҷиззах, мактаб-­интернати ҷумҳурии ихтисосонидаи бахшичиги шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё, Музейи ёдгории Эргаш Ҷуманбулбул ӯғлии ноҳияи Қӯшработ ҳамкорӣ мекунад. Ин барои пешрафти корҳо кӯмаки калон мерасонад.
Соли равон баробари осорхона дар маҳалла ба истифода супурда шудани бинои мактаби мусиқӣ, бинои нави маҳалла, амфитеатри калони тобистона, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ барои мо ҳолати хурсандиовар аст. Ҳамаи инҳо ҳисси ифтихору сарбаландии моро зиёдтар мегардонад.

Мусоҳиб Бахтиёр ҶУМЪАЕВ, мухбири махсуси
рӯзномаи «Овози Самарқанд»