Рӯзи 20‑уми сентябр дар толори Маркази ахбор-китобхонаи вилоятии ба номи А. С. Пушкин дар доираи ҳафтаи «Дарҳои кушода» бахшида ба ёдбуди олими адабиётшинос, академики Академияи илмҳои Турон, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон шодравон Абдусалом Самадов тадбири хотиравӣ таҳти унвони «Ташаббускори муносибатҳои адабӣ» баргузор гардид.
Дар тадбир устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, ходимони васоити ахбори оммавӣ, донишҷӯён ва наздикони устод иштирок намуданд.
Тадбирро директори китобхона Зебуннисо Шодиева ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов дар бораи хизматҳои пурарзиши устод Абдусалом Самадов фикрҳои худро баён кард.
Инчунин, устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев, Сироҷиддин Хӯҷақулов, академики Академияи илмҳои Турон Аслиддин Қамарзода, шоир Нормурод Каримзода, набераи шоир Ориф Гулханӣ — Муқимҷон Орифӣ оиди хислатҳои ҳамидаи олими барҷаста ва тадқиқотҳои ӯ сухан гуфтанд.
— Абдусалом Самадов кору фаъолияти ба худ хос дошт, — гуфт Сироҷиддин Хӯҷақулов, мудири кафедраи забон ва адабиёти филологияи тоҷики донишгоҳи давлатии Самарқанд. — Мо аз устод дар давоми фаъолияташон бисёр чизҳоро омӯхтем. Ҳар як супориши таъҷилиро барои сари вақт иҷро кардан кӯмак мерасонданд. Хусусан, дар ҷодаи кори илмии камина устод раҳбари кардаанд. Ба шогирдон маслиҳатҳои муфид медоданд.
Дар охири тадбир ба хонаводаи устод аз ҷониби китобхона китобчаи библографияро тақдим карданд.
А.САРХАТЗОДА
