Ба озмуни «Рӯзноманигори_ҷавон»
Рӯзе ҳангоми мутолиаи шабакаҳои иҷтимоӣ чашмам ба номаи кушоде афтод, ки чунин мазмун дошт: «Ин нома тавассути падари нотавон аз сари дард ба писари сангдили худ дар рӯзҳои вопасини умр навишта шудааст.
Писари азизам! Рӯзе, ки ту маро дар даврони пири бубинӣ, саъй кун сабур бошӣ ва маро дарк кунӣ. Агар ман ҳангоми хӯрдани ғизо худро олуда мекунам, агар наметавонам худам либосҳоямро бипӯшам, босабр бош ва замонеро ба хотир биёвар, ки ту низ дар айёми кӯдакӣ чунин будӣ. Агар ҳангоми сӯҳбат бо ту матолиберо ҳазор бор такрор мекунам, ҳарфамро қатъ накун ва ба ман гӯш бидеҳ. Ҳангоме ту хурдсол будӣ, ман як достонро ҳазор бор барои ту мехондам, то ту ба хоб биравӣ.
Ҳангоме, ки хоҳиши ба ҳаммом рафтан надорам, маро хиҷолат надеҳ ва ба ман гап назан. Замонеро ба хотир биёвар, ман барои ба ҳамом бурдани ту ҳазор роҳу равишро истифода мебурдам. Ҳангоме ки нотавонии маро дар истифода аз технологияи нав мебинӣ, ба ман фурсати фарогирии онро бидеҳ ва бо лабханди тамасхуромез ба ман нигоҳ накун. Ман ба ту бисёр чизҳоро омӯхтам. Чӣ гуна бихӯрӣ, чӣ гуна дар пасту баланди зиндагӣ мубориз бошӣ. Ҳангоме, ки вақти сӯҳбат мавзӯи баҳсро фаромӯш мекунам, ба ман фурсати кофӣ бидеҳ, ки ба ёд биёрам, дар чӣ маврид баҳс мекардем ва агар натавонистам ба ёд биёварам, аз ман асабонӣ нашав. Бовар кун, ки он чӣ барои ман муҳим аст, бо ту будану бо ту сухан гуфтан аст, на мавзӯи баҳс. Агар майле ба хӯрок хӯрдан надорам, маро маҷбур накун. Ба хуби медонам, ки чӣ вақт бояд ғизо бихӯрам. Ҳангоме ки пойҳои хастаам ба ман иҷозаи роҳ рафтан намедиҳанд, дастонатро ба ман бидеҳ, ҳамон гуна ки дар кӯдакӣ аввалин қадамҳоятро бо кӯмаки ман бардоштӣ. Ту набояд аз ин ки маро дар канори худ мебинӣ, эҳсоси ғам, хашму нороҳатие дошта бошӣ. Ту бояд дар канори ман бимонӣ ва маро дарк кунӣ ва маро ёри диҳӣ, ҳамон гуна, ки ман туро ёрӣ кардам, ки кардам, ки зиндагиатро оғоз кунӣ. Маро ёрӣ кун дар роҳ рафтан. Маро бо ишқу сабр ёрӣ деҳ, ки роҳӣ зиндагиамро ба поён бибарам. Ман низ подоши туро бо лабхандеву ишқе, ки ҳамвора ба ту доштаам хоҳам дод».
Аз мутолиаи ин нома ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Лаҳзае ёд аз зодгоҳи худ кардам. Ёд аз дару боми бобоӣ, хонаву дари падару модарам. Меҳнат ва заҳмати фаровони волидонам, ки барои ояндаи мо фарзандон ҳамеша дар талошу такӯпоянд, чун навори филм аз пеши чашмонам гузашт. Албатта, ҳар як падару модар беҳбудӣ, хурсандӣ ва бахту иқболӣ фарзанди худро мехоҳад. Дар дили онҳо ҳамеша як орзу ниҳон аст — хушбахту саодатманд дидани фарзандон.
Пас биёед, ки мо низ қадри ин боарзиштарин неъматҳои Худо, яъне волидонамонро бидонем ва ҳамеша барояшон орзуи саломативу шодӣ бикунем.
Дар ҳаққи падару модароне, ки бармаҳал дунёро тарк карданд ва дар байни мо нестанд, дуо бикунем ва рӯҳашонро бо аъмоли шоистаи худ шод намоем.
Биёед, қадри лаҳзаҳои хуберо, ки азизтарин касонамон дар канорамон ҳастанд, бидонем ва аз ҳар лаҳза босамар истифода бибарем ва шодтарин лаҳзаҳоро дар канорашон паси сар намоем.
Биёед, ки қадри дилҳои поки худро бидонем ва бо нопокиҳо онро олуда насозем. Арзишҳои инсониамонро арҷ гузорем ва бо рафторҳои ношоиставу номатлуби худ ба шарафи одамӣ доғе наорем. Қадри садоқатамонро бидонем ва бо дурӯғу риё виҷдони худро дар азоб нагузорем. Дӯст дошта бошем, то дигарон низ моро дӯст бидоранду қадр бисозанд.
Биёед, то даме, ки сутуни хонадон — падар ва дуогӯи тану ҷон — модар дорем, қадри онҳоро бидонем, дасти онҳоро бибӯсем, хоки пояшонро сурмаи чашм карда муҳаббату самимияти худро аз онҳо дареғ надорем. Ҳамвора дар канорашон бошем, танҳояшон нагузорем. Чун дар сурати аз даст додани онҳо пушаймон хоҳем шуд, ки пушаймонӣ дигар суде надорад.
Шаббода Асомиддинова, донишҷӯ
