Ovozi.uz

«Манчестер Сити» бе Грилиш ба чемпионати ҷаҳон меравад

Сармураббии «Манчестер Сити» Хосеп Гвардиола ҳайати дастаашро баҳри иштирок дар чемпионати ҷаҳон эълон кард.

Дар ҳайати даста Кевин Де Брюйне, ки қаблан оиди рафтанаш аз бошгоҳ эълон карда буд, Кайл Уокер, ки аз “Милан” баргашт ва нимҳимоятгар Ҷек Грилиш шомил нашудаанд. Бар ивази ин бозигарон ба ҳайат бозигарони нав  — Райан Черки, ки аз “Лион” омадааст, Теяни Рейндерс, ки қаблан “Милан”-ро муаррифӣ мекард ва Раян Айт-Нурӣ, ки мавсими гузашта дар “Вулверхэмптон” бозӣ кардааст, дохил шуданд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ «Манчестер Сити» бо дастаҳои «Видад» (Марокаш), «Ал-Айн» (АМА) ва «Ювентус» (Италия) бозӣ мекунад.

Клуби инглисӣ барандаи феълии ин мусобиқа буда, бори аввал соҳиби он шудааст. Аз рӯи шумораи бештари ҷоизаҳо бошад Реал Мадрид пешсаф аст.