Ovozi.uz

Кормандони гумрук дар давоми 5 моҳ ҳудуди 10 кило маводи мухаддир мусодира карданд

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки ҷонишини аввали сарвари Садорати гумруки вилоят Анвар Муҳаммадиев дар бораи корҳои анҷомдодаи кормандони гумрук дар 5 моҳи соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар он таъкид гардид, ки дар 5 моҳ ин садорат ба буҷети давлатӣ 1 триллиону 485,9 миллиард сӯм (104,5 фоиз) ворид кардааст. Дар ин давра барои дастгирии соҳибкорон ҳудуди 1 триллиону 629,9 миллиард сӯм аз пардохтҳои гумрукӣ ва имтиёзҳои тарифӣ истифода шудааст.

— Ҳаҷми содирот 458,4 миллион долларро ташкил дод, — гуфт А.Муҳаммадиев. — Аз рӯи 980 ҳодисаи ошкоршуда муомилаҳои ғайриқонунии мол ва воситаҳои нақлиёт ба маблағи бештар аз 17 миллиард сӯм қатъ карда шуд. Илова бар ин, дар 18 маврид ҳудуди 10 кило маводи мухаддир мусодира шудааст. Инчунин 11 ҳодисаи муомилаи ғайриқонунии маҳсулоти алкоголӣ ошкор карда, ба додугирифти ғайриқонунии 2889 литр маҳсулоти алкоголӣ ба маблағи зиёда аз 223,3 миллион сӯм ва 19836 қуттии маҳсулоти тамоку ба маблағи 1,2 миллиард сӯм қатъ карда шуд.

Дар охири чорабинӣ рӯзноманигорон ба як қатор саволҳои марбут ба пур кардани декларатсияи гумрукӣ, воридоти амвол аз хориҷи кишвар ва ҷавоҳирот аз мутахассисони соҳа посух гирифтанд.