Дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.С.Пушкини вилоят бо иштироки намояндагони ҳокимияти вилоят, ҷомеаи васеъ ва роҳбарони маркази ахбор-китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо барои кормандони соҳа ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомад, ки таҳти раёсати директори Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ Умида Тешабоева баргузор гардид, масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ шуданд.
Аз ҷумла, Наргиза Саидмуродова, ки солҳои зиёд ҳамчун ҷонишини роҳбари Маркази ахбор-китобхонаи вилоят кор кардааст, роҳбари марказ таъин гардид.
Дар чорабинӣ дар бораи корҳое, ки имрӯз дар низоми китобхона бояд анҷом дода шаванд ва вазифаҳое, ки дар назди кормандон қарор доранд, андеша ва тавзеҳот дода шуд.
