Дар маҷлисҳои имрӯзаи сессияи 43-юми Сарконференсияи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Самарқанд идома дорад, маросими савгандёдкунии Сардиректори навинтихобшудаи созмон Холид Аҳмад ал-Ананӣ доир гардид.
Дар сессияи 222-юми Кумитаи иҷроияи ЮНЕСКО, ки 6-уми октябри соли ҷорӣ баргузор шуд, олим ва сиёсатмадори машҳури мисрӣ Холид Аҳмад ал-Ананӣ дар овоздиҳӣ барои сардиректорӣ бештарин овозҳоро ба даст оварда буд. 6-уми ноябр, дар доираи сессияи 43-юми сарконференсия, номзадии ӯ аз ҷониби намояндагони кишварҳои узви созмон низ тасдиқ карда шуд ва Аҳмад ал-Ананӣ Сардиректори ЮНЕСКО интихоб шуд. Ӯ ҳамчун Сардиректори 12-уми ЮНЕСКО ва раҳбари аввалини мансуб ба миллати араб дар таърих сабт хоҳад шуд.
Дар ин маросим Холид Аҳмад ал-Ананӣ савганди тантанавӣ кард ва дар бораи корҳое, ки ҳамчун роҳбари созмон анҷом медиҳад ва нақшаҳои ояндаи худ, ки бар асоси мақсадҳо ва анъанаҳои ЮНЕСКО анҷом дода мешаванд, суханронӣ кард.
— Пеш аз ҳама, мехоҳам ба намояндагони ҳамаи кишварҳое, ки номзадии маро дастгирӣ карданд, изҳори сипос намоям ва хурсандам, ки ин рӯйдоди таърихӣ дар Самарқанди қадим ва абадӣ баргузор мешавад, — гуфт сардиректори ЮНЕСКО Аҳмад ал-Ананӣ. — Ман, инчунин мехоҳам ба роҳбарияти Ӯзбекистон барои сатҳи баланди ташкили сессияи 43-юми ЮНЕСКО, ки дар Самарқанд баргузор шуд, изҳори сипос намоям. ЮНЕСКО созмонест, ки барои мардум таъсис ёфтааст ва ба манфиатҳои онҳо хизмат мекунад ва албатта, чунин хоҳад монд. Дар давраи маъракаи интихобот барои роҳбарияти созмон, ман ба 65 кишвар сафар кардам, бо сиёсати онҳо шинос шудам ва андешаҳои худро дар асоси мақсадҳои созмони худ баён кардам. Акнун, ҳамчун роҳбар, ман бо дигар кишварҳо аз наздик шинос мешавам. Боварӣ дорам, ки бо ҳамкории муштарак, мо обрӯи ЮНЕСКО-ро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем ва мавқеи худро дар ҳаёти кишварҳои узви созмон боз ҳам мустаҳкамтар хоҳем кард. Ман рисолати ЮНЕСКО-ро ҳамчун профессор дар соҳаи таълим, додани имкон ба одамон, ҳамчун мисршинос дар омӯзиши ҳаёт ва мероси аҷдодонамон, ҳамчун директори осорхона ва роҳнамо дар фаҳмонидани маънои воқеии фарҳанг ба одамон ва ҳамчун сиёсатмадор дар қабули қарорҳое, ки ба манфиатҳои мардуми ҷаҳон дар вазъиятҳои душвор ва мураккаб хизмат мекунанд, мебинам. Мо тавассути қатъият, эътимод ва кори муштарак ба сӯи мақсадҳое, ки барои худ муқаррар кардаем, ҳаракат хоҳем кард.
Дар чорабинӣ раиси сессияи 43-юми сарконференсия Хондкер Муҳаммад Талха, ҷонишини сардиректори созмон, роҳбари котибот ва намояндагони давлатҳо Аҳмад ал-Ананиро табрик гуфта, ба ӯ муваффақият орзу карданд.
Дар ин маросим роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саида Мирзиёева суханронӣ карда, сардиректори ЮНЕСКО Аҳмад ал-Ананиро табрик гуфт ва таъкид кард, ки роҳбарияти Ӯзбекистон ташаббусҳои ӯро, ки ҳамчун роҳбари ин созмон пеш мегузорад, дастгирӣ хоҳад кард.
