Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев дар доираи сафар ба штати Миссурии ИМА бо Саидазим Бурхонов, роҳбари ширкати «ITF Group», ки дар самти логистикаи байналмилалӣ ва ҳамлу нақли бор фаъолият мекунад, мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои содироти маҳсулоти нассоҷӣ (текстилӣ)-и истеҳсолшаванда дар вилояти Самарқанд ба бозори ИМА ҳамаҷониба баррасӣ гардид. Аз ҷумла, ба масъалаҳои мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ расонидани маҳсулот, ташкили самараноки занҷирҳои логистикӣ ва афзоиши ҳаҷми содирот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки таҷриба ва имкониятҳои ширкати «ITF Group» дар соҳаи логистика метавонанд барои ворид намудани маҳсулоти истеҳсолшаванда дар Самарқанд ба бозори ИМА аҳамияти муҳим дошта бошанд.
Дар анҷоми музокирот ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд, дастгирии равандҳои содирот ва амалисозии лоиҳаҳои мушаххас дар оянда ба мувофиқа расиданд.
