Ovozi.uz

«Ӯзбекистон – хонаи ягонаи мост»

Ба муносибати 16-уми ноябр – Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ дар бинои «Келажак маркази»-и вилоят намоишгоҳи аксҳо ва чорабинии идона таҳти шиори «Ӯзбекистон – хонаи ягонаи мост» баргузор гардид.

Чорабиниро роҳбарои Садорати ҳудудии Кумитаи корҳои динӣ дар вилоят С. Баймурадов аз номи ҳокимияти вилоят ҳозиринро табрик намуда, ифтитоҳ бахшид.
Дар он намояндагони миллатҳои гуногун, фаъолони 11 маркази миллии маданӣ, беш аз 200 нафар корманди ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеа иштирок карданд.

Инчунин, барномаҳои мусиқӣ ва саҳнавии гурӯҳҳои эҷодӣ, сарояндагон, дастаҳои рақс ва ҳаваскорон, ки фарҳанги миллӣ, расму оин ва анъанаҳои ҳар як миллатро инъикос мекарданд, ба иштирокчиён таассуроти нек гузоштанд.