Ovozi.uz

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ

Ҳамасола 17-уми июн ҳамчун рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҷлил мегардад.

Ин рӯз соли 1994 таъсис ёфтааст ва ба масъалаҳои вобаста ба биёбоншавӣ, ки бар асари фаъолияти инсон, аз қабили буридани ҷангалҳо ё обёрии нодуруст ба вуҷуд меоянд, бахшида шудааст.

Биёбоншавӣ ва хушксолӣ боиси аз корбарӣ баромадани заминҳои ҳосилхез ва кам гардидани захираи озуқа ва нобуд шудани ҳосилот мегарданд. Мавзӯи расмии соли 2025 чунин аст: “Барқарорсозии замин. Кушодани имкониятҳо.” Дар сатҳи ҷаҳон зарурати барқарор кардани 1,5 миллиард гектар замини таназзулёфта то соли 2030 ба масъалаи афзалиятнок табдил ёфтааст. Ин на танҳо паёмадҳои экологӣ, балки натиҷаҳои иқтисодиро низ ба бор меорад. Аз ҷумла, барқарорсозии замин метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.

Чораҳои тавсияшавандаи агротехникӣ:

* Кишт дар муқобили нишебӣ (контурӣ): ба нигоҳдории намии хок мусоидат намуда, ҷорӣ шудани оби боронро пешгирӣ мекунад.

* Кишти растаниҳои бисёрсола: ба таҳкими хок ва коҳиши эрозия мусоидат мекунад.

Зиннура Илҳомҷонова