Ovozi.uz

Тиллоҳое, ки дар «памперс»-ҳои кӯдакона пинҳон карда шуда буданд, ошкор карда шуданд

Мусофире, ки мехост аз кишвари мо тавассути гузаргоҳи гумрукии марзии «Яллама» ба кишвари ҳамсоя гузарад, бо гумони кормандони гумрук боздошт шуд.

Пас аз ин, ҳангоми тафтиши сумкаи мусофир аз ҷониби кормандони гумрук, маълум шуд, ки дар дохили «памперс»-ҳо 2 адад тилло бо вазни 111 грамм пинҳон карда шудааст.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши ин тиллоҳо 133 миллион сӯмро ташкил медиҳад.

Мақомоти гумрук дар робита ба ин парванда ҳуҷҷатҳои протсессуалиро расмӣ кардаанд ва амалиёти тафтишотии пешакӣ идома дорад.