Ovozi.uz

Эътирофи ҷаҳонии дипломҳои миллӣ

4-уми ноябри соли равон дар Маркази сайёҳии Самарқанд тақдимоти роҷеъ ба ратификатсияи «Конвенсияи глобалӣ дар бораи эътирофи тахассусҳо оид ба таълими олӣ»-и ЮНЕСКО аз ҷониби Ӯзбекистон баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи сессияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО ташкил гадида, ба густариши ҳамкории байналмилалии таълимии Ӯзбекистон ва содда кардани равандҳои эътирофи мутақобилаи дипломҳо хизмат мекунад.

Дар ифтитоҳи тақдимот Стефания Ҷаннини, ҷонишини директори генералии ЮНЕСКО оид ба таълим, Стиг Арне Скёрвен, раиси конфронси давлатҳои иштироккунандаи конвенсияи глобалӣ дар бораи эътирофи тахассусҳо роҷеъ ба таълими олӣ, Борҳен Чакроун, директори шуъбаи ЮНЕСКО, Қӯнғиротбой Шарипов, вазири таълими олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин, намояндагони Африқои Ҷанубӣ, Қазоқистон ва Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои таълими олии кишвар низ иштирок намуданд.

Мутасаддиён аҳамияти Конвенсияро дар ҳамоҳангсозии системаи байналмилалии таълим ва эътирофи мутақобилаи тахассусҳо таъкид намуданд. Онҳо инчунин иштироки фаъол ва ташаббусҳои Ӯзбекистонро дар ин самт баланд арзёбӣ карданд.

–– Имрӯзҳо дар доираи сессияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки бори аввал берун аз қароргоҳи худ, дар шаҳри бостонии Самарқанд гузаронида мешавад, як қатор чорабиниҳои муҳим гузаронида мешавад, – гуфт Абдураҳим Носиров, профессор, проректори Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Ӯзбекистон. – Яке аз онҳо ратификатсияи эътирофи таълими олӣ аз ҷониби кишварамон мебошад. Мақсад аз чорабинии мазкур, ҳоло беш аз 7 миллион нафар донишҷӯёнамон имконияти берун аз кишвар таҳсил гирифтанро ба даст меоваранд. Яъне, ин мобилии донишҷӯён, қисми муайяни таҳсили худро дар кишвари дигар идома додан ё пас аз бакалавриат бо дипломи гирифтаашон дар кишварҳои хориҷӣ магистратураро хонда, сипас эътирофи дипломҳои гирифтаашон дар дохили Ӯзбекистон мебошад. Ин қоида барои давлатҳои дигари узви конвенсия низ амал мекунад.

Дар рафти чорабинӣ татбиқи конвенсия ба системаи таълими миллӣ, аҳамияти он дар афзоиши эътирофи байналмилалӣ ва рақобатпазирии хатмкунандагон баррасӣ шуд.

Ин ташаббус фаъолияти Ӯзбекистонро дар ҷомеаи байналмилалии маориф тақвият дода, як қадами муҳим ба сӯи эътирофи ҷаҳонии дипломҳои миллӣ мегардад.

–– Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон ба яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими ЮНЕСКО оид ба баробарии ихтисосҳо дар сатҳи байналмилалиро имзо менамояд, ки он натанҳо ба Ӯзбекистон, ҳатто ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фоидаи худро мерасонад, – гуфт Бадриддин Музаффарзода, ҷонишини вазири Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. –– Ҳоло байни кишварҳоямон роҷеъ ба таълими олӣ созишномаҳои зиёди ҳамкорӣ баста шудааст ва ин имконият медиҳад, ки дар доираи ин созишнома барои табодули донишҷӯён ва омӯзгорон шароити бисёр хуб фароҳам оварад.

Дар доираи чорабинӣ байни Қӯнғиротбой Шарипов, вазири Таълими олӣ, фан ва инноватсияҳои Ӯзбекистон бо Лолва бинт Рашид ал-Хотир, вазири Маориф ва таълими олии Давлати Қатар мулоқот низ анҷом ёфт.

Бояд таъкид намуд, ки «Конвенсияи глобалӣ дар бораи эътирофи тахассусҳо оид ба таълими олӣ»-и ЮНЕСКО 25-уми ноябри соли 2019 дар Париж қабул карда шуда, аз соли 2023 он расман эътибор пайдо кардааст.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ