Ovozi.uz

Раиси парламенти Гурҷистон ба Самарқанд омад

Ҳайати вакилон бо сарварии раиси парламенти Грузия Шалва Папуашвили, ки дар мамлакати мо меҳмон аст, ба Самарқанд омад.
Ҳайати вакилонро бо ҳамроҳии Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Нуриддинҷон Исмоилов дар вокзал ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов пешвоз гирифт.

Сипас меҳмонон бо ҷойҳои ҷолиби диққати Самарқанд шинос шуданд.
— Мо хурсандем, ки дар доираи сафари худ бо мақсади табодули таҷриба бо дӯстону шарикони худ дар парламенти Ӯзбекистон имкони шиносоӣ бо шаҳри бостонии Самарқандро пайдо кардем, — гуфт Шалва Папуашвили. — Дар Самарқанд будан, ки гузаштаи дуру дароз ва таърихи бузург дорад, ба ҳар кас як эҳсоси хоса мебахшад. Дар ин ҷо таърих ва имрӯзро ҳамоҳанг дидан мумкин аст. Ба ман ҳаво, табиат ва одамон маъқул шуд. Ёдгориҳои таърихӣ, то имрӯз як хел зебову нотакрор нигоҳ доштани ҳар як бино ҳайратовар аст. Ҳамкории байни мамлакатҳои мо муносибатҳои байни халқҳои моро низ фаъол мегардонад. Ва ин бешубҳа ба тараққиёт хизмат мекунад.
Аъзоёни ҳайат мақбараи Амир Темур, майдони Регистон, осорхонаи «Афосиёб»-ро зиёрат намуда, бо мероси ғании фарҳангии мо шинос шуданд. Ва ба қабри Аввалин Президент Ислом Каримов гулчанбарҳо гузоштанд.

Дар анҷоми сафар меҳмонони гурҷӣ аз маҷмааи «Шаҳри абадӣ» дидан карданд.