26‑уми июн — Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди гиёҳвандӣ
Ҳамасола 26‑уми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди гиёҳвандӣ қайд карда мешавад. Ин санаи таърихӣ бо ташаббуси СММ роҳандозӣ карда шудааст ва бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муаммоҳои вобаста ба истеъмоли маводи мухаддир ва моддаҳои психоактивӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ ва ҳифзи насли ҷавон аз одатҳои гуногуни зараровар баргузор мешавад.
Имрӯзҳо гиёҳвандӣ яке аз муаммоҳои муҳимтарини тиббӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодие мебошад, ки инсоният бо он рӯбарӯ мешавад. Ин иллат на танҳо ба саломатии инсон, балки ба оила, кор, мавқеъ дар ҷомеа ва ояндаи ӯ таъсири манфӣ мерасонад.
Мувофиқи маълумоти шуъбаи СММ оид ба маводи нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ, дар ҷаҳон беш аз 316 миллион нафар маводи нашъамандии гуногунро истифода мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки тақрибан аз ҳар шонздаҳ нафар аҳолии калонсоли ҷаҳон як нафар ба таъсири маводи нашъамандӣ дучор мешавад. Коршиносон қайд мекунанд, ки истеъмоли маводи нашъамандӣ дар даҳсолаи охир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар солҳои охир паҳн шудани маводи мухаддири нави синтетикӣ нигаронии ҷиддиро дар сатҳи байналмилалӣ ба бор овардааст.
Каннабиноидҳои синтетикӣ, психостимуляторҳои гуногун, ҳосилаҳои амфетамин ва моддаҳое, ки маъмулан бо номи «намакҳо» маъруф мебошанд, ба бадани инсон таъсири хеле қавӣ доранд. Онҳо метавонанд дар муддати кӯтоҳ боиси шадидан вайрон шудани ҳолати рӯҳӣ, галлютсинатсияҳо, психозҳо, хотира ва тафаккур, системаи дилу раг, инчунин, боиси инсулт, табларза ва ҳатто марги ногаҳонӣ шаванд.
Хатарноктарин чиз ин аст, ки таъсири маводи нашъамандӣ синтетикӣ аксар вақт нисбат ба маводи мухаддири анъанавӣ чанд маротиба зиёдтар аст. Дар баъзе мавридҳо, ҳатто як маротиба истифода бурдани онҳо метавонад ба оқибатҳои ҷиддӣ оварда расонад.
Оқибатҳои манфии гиёҳвандӣ танҳо бо бемориҳои тиббӣ маҳдуд намешаванд. Онҳо, инчунин боиси афзоиши ҷинояткорӣ, парокандагии оилаҳо, аз даст додани қобилияти корӣ, бешуғлӣ, муаммоҳои иҷтимоӣ ва паст шудани сифати зиндагии аҳолӣ мегарданд. Аз ин рӯ, ҳамкории ташкилотҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, сохтори маҳалла, волидон ва тамоми ҷомеа дар мубориза бо ин муаммо аҳамияти калон дорад.
Дар кишварамон барои ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии истифодаи моддаҳои психоактивӣ ва гиёҳвандӣ корҳои мунтазам анҷом дода мешаванд. Дар ин робита, филиали вилоятии Хидмати наркологии Маркази тиббии ихтисосонидаи илмию амалии ҷумҳурӣ оид ба саломатии рӯҳӣ низ чораҳои ҳамаҷонибаи пешгирикунандаро ташкил мекунад.
Аз ҷумла, дар соли равон мутахассисони филиал дар 24 мактаби таълими умумӣ, 10 муассисаи таълимии миёнаи махсус ва 6 муассисаи таълими олӣ вохӯриҳои профилактикӣ ва чорабиниҳои тарғиботӣ баргузор карданд. Ҳамчунин, дар маҳаллаҳо, минтақаҳои сераҳолӣ, иттифоқҳои касаба ва дар доираи маъракаҳои гуногуни оммавӣ корҳои васеъмиқёси фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуданд.
Ҳамзамон, мутахассисони соҳа тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои аҳолӣ ба таври мунтазам мақолаҳо оид ба корҳои профилактикӣ, инфографика, видео ва маърузаҳоро нашр мекунанд, ки ин барои баланд бардоштани саводнокии тиббии аҳолӣ ва ташаккули иммунитет бар зидди одатҳои зараровар хизмат мекунад.
Инсони солим оилаи солим аст ва оилаи солим пояи мустаҳками ҷомеаи устувор ва шукуфон аст.
Д.АҲМАДОВ, С.БАЙМИРОВ,
наркологҳои филиали Хидмати наркологии Маркази тиббии ихтисосонидашудаи
илмию амалии ҷумҳурӣ оид ба саломатии рӯҳӣ дар Самарқанд
