Ovozi.uz

Ҷоми ҷаҳон: боз киҳо ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд?

Эквадор ва Кот-д’Ивуар бо бурди рақибони худ ба марҳилаи баъдӣ баромаданд. Кюрасао Ҷоми ҷаҳонро тарк кард

Даври охири бозиҳои гурӯҳи «Е» дар Ҷоми ҷаҳон шаби гузашта дар як вақт баргузор шуд. Дар ин давр мунтахаби Кюрасао бо Кот-д’Ивуар ва Эквадор бо Германия дидор карданд.

Дастаи Германия, ки аллакай аз гурӯҳ баромада буд, дар дақиқаи 2-юми дидор бо Эквадор ба дарвозаи рақиб гол зад. Футболбозони эквадорӣ дар дақақаи 9-ум ҳисобро баробар карданд ва дар дақиқаи 77-ум голи ҳалкунанда ба дарвозаи рақиб заданд. Бо ҳамин, Эквадор бо 4 имтиёз ба марҳилаи 1/16 баромад.

Кот-д’Ивуар дар бозии худ бо Кюрасао дар дақиқаҳои 7-ум ва 64-ум 2 голи беҷавоб заданд. Мунтахаби Кот-д’Ивуар дар умум 6 имтиёз касб кард ва аввалин бор дар таърихи худ ба марҳилаи баъдии Ҷоми ҷаҳон баромад.

Натиҷаҳои гурӯҳ: Германия (6 имтиёз) ва Кот-д’Ивуар (6 имтиёз) бо ҷойи якуму дуюм ба марҳилаи 1/16 баромаданд. Эквадор (4 имтиёз) бо ҷойи сеюм аз гурӯҳ баромад. Мунтахаби Кюрасао бо 1 имтиёз Ҷоми ҷаҳонро тарк мекунад.

Ҳоландиҳо бо мағлуб кардани Тунис аз гурӯҳ баромаданд. Япония ва Шветсия низ рақобатро идома медиҳанд

Дар даври охири бозиҳои гурӯҳи «F» дар Ҷоми ҷаҳон мунтахаби Тунис бо Ҳоланд ва Япония бо Шветсия рақобат карданд.

Ҳоланд бо ҳисоби 3:1 Тунисро шикаст дод ва бо 7 имтиёз пешқадами гурӯҳ шуд.

Бозии мунтахабҳои Япония ва Шветсия бо ҳисоби 1:1 дуранг ба поён расид.

Аз рӯйи ҳисоби гурӯҳӣ, Ҳоланд (7 имтиёз) ва Япония (5 имтиёз) мустақим ба марҳилаи баъдӣ баромаданд. Шветсия низ бо 4 имтиёз бо баромадан аз гурӯҳ бозиҳои худро дар Ҷоми ҷаҳон идома медиҳад. Тунис бошад, бо касби ҳамагӣ 1 имтиёз ба бозиҳои худ дар ин мусобиқа поён медиҳад ва Ҷоми ҷаҳонро тарк мекунад.

Туркия ИМА-ро шикаст дод, вале Ҷоми ҷаҳонро тарк кард. Австралия ба марҳилаи баъдӣ баромад ва Парагвай низ рақобатро идома медиҳад

Мунтахаби Туркия дар даври охири бозиҳои гурӯҳи «D» дар Ҷоми ҷаҳон ғайричашмдошт ИМА-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Вале ин пирӯзӣ роҳи дастаро барои марҳилаҳои баъдӣ ҳамвор накард.

Ҳисобро футболбозони амрикоӣ дар дақиқаи 3-юм кушоданд. То лаҳзаҳои охир ҳисоб 2:2 баробар буд. Вале дар дақиқаи 98-ум Туркия голи сеюмро ба дарвозаи ИМА ворид кард ва ғолиби ин дидор шуд.

Бозӣ миёни Парагвай ва Австралия бе задани гол поён ёфт — ҳисоб 0:0. Ҳарду даста дар бозӣ хати муҳофизатиро нигоҳ доштанд ва бо ин Австралия ҷойи дуюми худро дар гурӯҳ нигоҳ дошт.

Аз рӯйи натиҷаҳои гурӯҳ, мунтахаби ИМА бо 6 имтиёз дар садри гурӯҳ қарор дорад. Австралия бо 4 имтиёз ва дар ҷойи дуюм ба марҳилаи баъдӣ баромад. Парагвай низ 4 имтиёз гирифт, вале бо фарқияти голҳои худ дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Туркия новобаста аз мағлуб кардани ИМА, бо 3 имтиёз Ҷоми ҷаҳонро тарк мекунад.