Дар биное, ки кинотеатри собиқи «Cinema City»-и Остонаи Қазоқистон ҷойгир аст, сӯхтор ба амал омад. Аз видеоҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мумкин аст, ки оташ биноро қариб пурра фурӯ бурдааст.
Мувофиқи маълумоти Идораи оташнишонии Қазоқистон, сӯхтор 8-уми декабр дар павилони кӯчаи Аманделдӣ Иманови ноҳияи Байконур сар задааст. Маълумоти ибтидоӣ дар бораи ин ҳодиса айни замон тафтиш мешавад ва дар бораи ҷароҳатбардоштагон хабар дода нашудааст.
Наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса расидаанд. Сӯхтор соати 09:43 пурра хомӯш карда шудааст.
Tengrinews хабар медиҳад, ки гарчанде қисми асосии сӯхтор хомӯш карда шудааст, наҷотдиҳандагон барои таъмини бехатарии пурра кор мекунанд.
