Ovozi.uz

Қатораҳои миллии баландсуръати Ӯзбекистон ба ба роҳ баромад

Қатораҳои Коррея, ки махсус барои Ӯзбекистон тарҳрезӣ шудаанд, пеш аз мӯҳлат интиқол дода шуданд. Дар ин бора хизмати матбуотии Hyundai Rotem хабар дод.

Рӯзи 10-уми феврали соли ҷорӣ дар бандари Масан, музофоти Кёнсаннамдо, Кореяи Ҷанубӣ маросими азназаргузаронии аввалин маҷмӯи қатораҳои баландсуръате, ки ба Ӯзбекистон фиристода мешаванд, баргузор гардид. Дар он ҷонишини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшид Хоҷаев, ҷонишини вазири нақлиёт Ҷасурбек Чориев, раиси раёсати Ҷамъияти саҳҳомии «Роҳи оҳани Ӯзбекистон» Зуфар Нарзуллоев, инчунин мақомоти Кореяи Ҷанубӣ ва роҳбарияти Hyundai Rotem иштирок карданд. Роҳбари шӯъбаи тиҷоратии Раил Солутиони компанияи Hyundai Rotem Ким Ҷон Хун дар суханронии худ чунин гуфт: “Маросими имрӯза қадами хеле муҳимест, ки технологияҳои қатораҳои баландсуръати Кореяро, ки дар тӯли 30 сол ҷамъоварӣ шудаанд, ба ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Ин қаторҳо рамзи дӯстӣ ва ҳамкории миёни Ӯзбекистон ва Корея мебошанд.”

Қатораҳое, ки ба Ӯзбекистон интиқол мешаванд, ҳамагӣ аз 42 вагон (6 таркиб) иборат буда, хусусиятҳои техникии зеринро доранд:

➖ Ба стандарти Роҳи оҳани Ӯзбекистон мутобиқ карда шудаанд.

➖ Бо системаи махсуси зидди чанг муҷаҳҳаз шудааст, ки аз ҳарорати баланд ва тӯфонҳои регӣ муҳофизат мекунад.

➖ Қатораҳо бо системаи “motor-distributiv” (қудрат ба ҳар як вагон тақсим карда мешавад) кор карда, суръатбахширо беҳтар ва ғунҷоиши мусофиронро зиёд мекунад.

Ин қатораҳо ба хатсайрҳои баландсуръати Ӯзбекистон хизмат мерасонанд, ки масофаи умумии 1286 км-ро тай мекунанд. Ин инфрасохтори нақлиёти кишварро ба сатҳи нав мебарад. Hyundai Rotem эълон кард, ки ҳамкории дарозмуддати худро бо Ӯзбекистон на танҳо дар таъмини қатораҳо, балки дар хизматрасонии техникии онҳо низ давом медиҳад.