Ба Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Исматулло Насриддин ташриф овард.
Дар вохӯрӣ бо Раиси Сенат Танзила Норбоева таъкид гардид, ки солҳои охир муносибатҳои ду кишвар ба марҳилаи комилан нав баромад, инчунин ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ вусъат меёбанд.
Ба масъалаҳои рушди равобити байнипарлумонӣ эътибори махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ, пешбурди ташаббусҳои муштарак ва идомаи мулоқот дар майдонҳои байналмилалии парлумонӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки барои боз ҳам фаъол гардондани муносибатҳои минтақавӣ ва ҳамкории палатаҳои болоии парлумонҳо, зарур аст робитаҳо бо шӯроҳои маҳаллӣ дар доираи барномаҳои амалии комиссияҳои муштарак таҳким ёбанд.
