Ovozi.uz

Гренландиягиҳо бар зидди иддаоҳои Трамп муттаҳид мешаванд

Роҳбарони панҷ ҳизби парламенти Гренландия дар посух ба баёноти президенти ИМА Доналд Трамп баёноти муштарак нашр карданд. Дар ин бора нашрияи BILD хабар дод.

Дар баёноти муштарак, ки аз ҷониби роҳбарони ҳизб таҳия шудааст, ба таври ошкоро гуфта мешавад, ки гренландиягиҳо сарнавишти худро худашон ҳал мекунанд.

«Мо намехоҳем амрикоӣ бошем. Мо намехоҳем даниягӣ низ бошем. Мо мехоҳем гренландиягӣ бошем», — гуфта мешавад дар баёнот.

Роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ инчунин даъват карданд, ки ба таҳдидҳои президенти ИМА бар зидди Гренландия хотима дода шавад. Онҳо илова намудаанд, ки ояндаи ҷазира бояд танҳо ва танҳо аз ҷониби иродаи мардуми гренландия муайян карда шавад.

Тавре ки маълум аст, Гренландия айни замон қисми Шоҳигарии Дания аст ва тақрибан 57 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Бо вуҷуди ин, Гренландия аз сабаби қаламрави васеъ ва захираҳои бойи табиии худ як минтақаи хеле муҳими стратегӣ мебошад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки эълонҳои охирин нишон медиҳанд, ки гренландиягиҳо омодаанд, ки дар муқобили фишорҳои беруна муттаҳид шаванд.

Манбаъ: Халқ сӯзи.