Ovozi.uz

Ӯзбекистон боз бо Эрон рӯбарӯ шуд, ин дафъа дар Ҷоми Осиё байни то 23-солаҳо

Дар Ҷоми Осиё байни бозигарони то 23-сола дастаи Равшан Ҳайдаров бо Эрон бозӣ кард. Дар ин бозӣ дастаҳо мусовӣ — 0:0 карданд.

Бозии дуюми гурӯҳи «С» самараноктар гузашт. Дар он дастаи миллии Кореяи Ҷанубӣ Лубнонро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард.

Пас аз даври дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 4 имтиёз дар гурӯҳи «С» пешсаф аст. Ӯзбекистон, ки ҳамин миқдор имтиёз дорад, аз рӯи фарқияти голҳо дар ҷои дуюм ва Эрон бо ду имтиёз дар ҷои сеюм қарор доранд.

Дар даври ояндаи ҳалкунанда дастаи миллии Ӯзбекистон бо Кореяи Ҷанубӣ бозӣ хоҳад кард. Ин бозӣ 13-уми январ баргузор мешавад.