Шоҳмотбози ӯзбекистони Ҷавоҳир Синдоров дар мусобиқаи байналмилалии Freestyle Chess Gram Slam, ки дар шаҳри Вайссенхаус баргузор мешавад, бар зидди Ҳикару Накамураи амрикоӣ дар тай — брейк бозии ҳалкунандаи дуюмро гузаронд.
Дар вохӯрии якум Синдоров ғалаба кард. Дар бозии дуюм низ Ҷавоҳир бо донаҳои сафед Накамураро мағлуб намуд ва ба 1/2 финали мусобиқаи мазкур баромад. Вай акнун дар 1/2 финал бо гроссмейстри дигари амрикоӣ Фабиано Каруана баҳс мекунад.
Дар чоряк финали дигар Магнус Карлсен Нодирбек Абдусатторовро мағлуб кард.
