Навбаҳор Ҳамидова дар Ҷоми ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гузаронида шуд, қаҳрамони секаратаи олимпӣ ва ҷаҳон Бусеназ Сурменелиро (Туркия) бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард. Дар ин бора Кумитаи миллии олимия хабар медиҳад.
Бо ин пирӯзӣ Навбаҳор интиқоми ду шикасти қаблиро аз рақибаш гирифт ва аввалин бонуи муштзани ӯзбекистонӣ шуд, ки барандаи Ҷоми ҷаҳон аст.
