Сармуҳаррири рӯзнома Ғафурҷон Маҳмудов инсони бениҳоят пурилтифот, хушфеъл, баҷогузорандаи санъати суханронӣ ва фидоии рӯзноманигорӣ, ки барои рушди матбуот ҷонбозӣ кардааст, буд.
Дар таърифҳоям нисбат ба ин одам заррае ҳам хато нест. Инро аз як мисоле, ки бо домулло (Ғафурҷон акаро бисёри одамон аз рӯи ҳурмат чунин меномиданд) рух додааст, фаҳмидан душвор нест.
Соли 2004 буд. Пас аз хӯроки пешин дар ҳавлии таҳририят се-чор нафар сӯҳбат мекардем. Ҳамон вақт нафаре, ки дар даст коғазерон чаҳор маротиба печонида буд, аз мо «Редаксия ҳамин ҷост?» — гӯён пурсид. Рафтораш, либоспӯшиаш ба одами дуруст монанд, шояд омӯзгор буд.
— Ассалому алейкум, бале, ҳамин ҷост бародар, — гуфтем мо.
— Як мақола навишта будам, ба кӣ нишон диҳам мешавад?
— Мақолаатон дар бораи чист? Агар бигӯед, аз рӯи ҳамон ба кадом мухбирони шӯъбаи таҳририят рафтанатонро мефаҳмонем.
— Ман ба забони тоҷикӣ навиштаам.
— Хуб, ин тавр бошад ба таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» медароед — қабати якум, аз дар даромада, ба дасти чап меравед…
Якбора аз дарун Ғафурҷон ака баромаданд.
— Ана бародар, сармуҳаррири рӯзнома меоянд, вохӯред, шояд мақолаатонро қабул мекунанд ё ба назди ягон мухбир мефиристанд…
Марди ношинос ба назди Ғафурҷон ака шитобид. Мо низ бо эҳтиром ба пешвози домулло баромадем. Пас аз салому алек марди ношинос таъкид намуд, ки ҳар як шумораи рӯзномаи «Овози Самарқанд»-ро мехонад. Сипас, коғози печонидашудаи мақолаи бахшида ба камбудиҳои соҳаи таълим ва таклифҳояш роҷеъ ба роҳҳои ҳалли онҳо, ба таъбири худаш, «то ҳол ҳеч кас нанавишта»-ро ба Ғафурҷон ака барои дар рӯзнома баровардан дароз кард.
Ғафурҷон ака коғази дар ҷайби он мард печидаро ба даст гирифта, бо диққат мақоларо аз назар гузаронид. Аз сабаби меҳрубониаш барои мақоларо дар ин шакл овардани муаллиф чизе нагуфт. Аммо дар рӯяш аз ин бемаданиятии муаллим хиҷолат шуданаш дақиқ ба назар мерасид.
— Хуб, мақолаатонро қабул мекунем, аммо бо каме таҳрир дар яке аз шумораҳои навбатии рӯзнома аз чоп мебарорем, — гуфт ӯ.
Он мард «хеле аҳамиятнок» будани мақолааш, ҳар кас ҳам навишта натонистани онро такрор ба такрор гуфта, ба ҳоли домулло эътибор намедод. Ғафурҷон ака дастро ба рӯи сина гузошта, «Хуб бародар, бахшиш, ман бояд ба як ҷо биравам, саросема будам» — гӯяд ҳам, ҳамсӯҳбаташ нияти ба охир расонидани ҳарфҳояшро надошт.
Ниҳоят пас аз чанде суханҳои ӯ ба охир расида «Ин мақолаи ман дар кадом рӯзнома мебарояд?» — гуфт. Барои шахси хеле ботамкин буданаш Ғафурҷон ака ба муносибати он марди бефарҳанг то ин фурсат тоқат карду сипас косаи сабраш лабрез шуд.
— Оё шумо медонед, ки ба куҷо омадед? Агар омӯзгор не, соҳиби касби дигар бошед ҳам намеранҷидам. Гиред, ин мақолаатон… бори дигар меоед, — гӯён шитобон қадам гузошта рафт.
Мо бори дигар гувоҳи бобардошт будани Ғафурҷон Маҳмудов шуда, «Агар ба ҷои домулло одами дигаре мешуд, барои ин муомилаю муносибати он мард бо суханҳои ҳақоратомез ҷавоб мегуфт» — гӯён дар ҳайрат монда будем.
Акрам ҲАЙДАРОВ, раиси шӯъбаи Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд
