Адиз Бобоев, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд бо раҳбарони “Иттифоқи касабаи Анбуҳсозон”, ки ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Эрон тахассус дорад, мулоқот кард.
Дар рафти муколамаи конструктивӣ ҷонибҳо самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи бинокориро муфассал баррасӣ намуданд. Адиз Бобоев афзоиши босуръати аҳолии вилояти Самарқанд ва дар натиҷа зиёд шудани талабот ба хонаҳои замонавиро алоҳида қайд кард.
Зикр гардид, ки соли 2024 дар вилоят 11 ҳазору 300 хонаи истиқоматӣ ба истифода супурда шуда, дар соли 2025 бунёди 12 ҳазору 500 бинои истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин самт вилоят ба масолеҳи баландсифати бинокорӣ ниёзи зиёд дорад, чун қисми зиёди он ҳоло аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Ҳокими вилоят дар ин замина ба роҳандозии ҳамкориҳо бо ширкатҳои эронӣ манфиатдории худро изҳор намуда, дар вилояти Самарқанд таъсис додани корхонаҳои муштараки истеҳсоли масолеҳи сохтмониро пешниҳод кард.
Ғайр аз ин, Адиз Бобоев дар бораи лоиҳаи ояндадор оид ба бунёди шаҳраки Ширин дар шаҳри Самарқанд маълумот дода, ба соҳибкорони эронӣ барои амалӣ намудани он фаъол шуданро таклиф намуд.
Дар навбати худ, раиси «Иттиҳоди касабаи Анбуҳсозон» Эраҷ Раҳбар қайд кард, ки дар ҳайати Эрон раҳбарони ширкатҳои бузурги сохтмонии дорои таҷрибаи бой ва захираҳои молӣ ҳастанд. Вай омодагии худро барои сармоягузорӣ ба иқтисоди вилояти Самарқанд маълум намуда, қабул гардидани қарорҳо роҷеъ ба бунёди шаҳраки «ақлнок»-и Ширин дар давоми ташрифи ҳайатҳо таъкид кард.
Роҳбари вилоят қайд кард, ки дар чаҳорчӯби қонун ба сармоягузорони эронӣ дар пешбурди тиҷорат, ҷалби сармоя ва иҷрои тарҳҳои ояндадор кӯмак мерасонад.
