Ovozi.uz

Офтобпараст

Ба мардуми мо одат шудааст, ки дар кӯчаву роҳҳо, ҳангоми тамошои филмҳо ва умуман дар аксар маврид офтобпараст истеъмол намоянд. Ба яке хӯрдани мағзи он писанд асту, дигаре бо шикастани донаҳои хурди офтобпараст асаби хешро ором мекунад.

Тухми офтобпараст, ки маъмулан онро мардум «семечка» мегӯянд, ба ҳамагон маълум аст. Коршиносон хабар медиҳанд, ки тухми офтобпараст ба саломатии инсон ҳам таъсири мусбат дораду ҳам манфӣ.

Таъсири мусбати он

Хӯрдани тухми офтобпараст асабҳоро оромӣ бахшида, ба бадқаҳрӣ, ҳаяҷон ва торҳои асаб нафъ мерасонад. Дар таркиби тухми офтобпараст витамини Е зиёд аст, ки он барои наслдиҳии мардон муфид аст. Инчунин дар тухми офтобпараст миқдори калтсие, ки барои ҷисми инсон лозим аст, вуҷуд дорад. Хӯрдани тухми офтобпараст барои зардаҷӯш ва солимии мӯйҳо низ муфид шуморида мешавад.

Таъсири манфии он

Тухми офтобпараст барои сири дандонҳо зиён дорад. Он бемориҳои гурдаро пайдо мекунад.

Нуриҳои минералие, ки ба офтобпараст дода мешаванд, дар таркибашон элементи кадмий доранд. Ҳамаи навъҳои металҳои сахт ва кадмий зараровар мебошанд. Офтобпарасте, ки бо нурии менералии дар таркибаш кадмий дошта  парвариш карда шудааст, ба саломатӣ зарари калон дорад. Зеро микдори ками кадмий  хусусияти паст кардани иммунитет ва суст кардани кори гурдаро дорад.