Ovozi.uz

Полина Кудерметова имрӯз баромади худро дар “Australian Open – 2026” оғоз мекунад

Дар шаҳри Мелбурн мусобиқаи теннисии силсилаи «Катта дувулға» — “Australian Open – 2026” миёни мардон ва занон оғоз ёфт. Xурсандиовар аст, ки дар ин мусобиқа 2 намояндаи ҷамоаи мунтахаби мо — Камилла Раҳимова ва Полина Кудерметова иштирок доранд. Дар бозиҳои имрӯза Полина Кудерметова дар марҳилаи аввал бо намояндаи Испания Гуёмар Де Реалес қувваозмои мекунад. Фардо, 19-уми январ, Камилла Раҳимова бо намояндаи ИМА Коко Гауфф рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Ҳамчунин, Камилла рӯзи 20-уми январ якҷо бо шарики русиягиаш Анна Блинкова дар бахсҳои ҷуфтӣ, дар марҳилаи аввал бо дуэти тайванӣ Чан Ҳао-чинг ва чинӣ Жианг Хиню қувва месанҷад.

Айни ҳол дар бозиҳои даври аввали ҷадвали асосӣ теннисбозони Қазоқистон Юлия Путинцева, Юнон Мария Саккари ва Италия Жасмина Паолини дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғалаба даст ёфтанд.

Ҷавоҳир Тошхуҷаев, ӮзА