Ovozi.uz

Корҳои довталабони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия бо иштироки худи онҳо баррасӣ мешаванд

Дар шаҳри Тошканд аз ҷониби комиссияи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия аз рӯи самтҳои илм, маориф, санъат, адабиёт, маданият, варзиш ва технологияҳои иттилоотӣ фаъолияти духтарони довталабе, ки ба ин мукофот тавсия шудаанд, корҳои эҷодӣ ва ҳуҷҷатҳои онҳо бо иштироки бевоситаи худи довталабон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар оғози ҷараёнҳо раиси Комиссияи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия, муовини Сарвазир – раиси Кумитаи оила ва занон Зулайхо Маҳкамова довталабони мукофотро табрик намуда, ба онҳо муваффақият талабид.