Ovozi.uz

Бибии 103-сола бо медали «Шуҳрат» сарфароз гардонида шуд

Тибқи фармони Сарвари давлатамон «Дар бораи мукофотонидани як гурӯҳ хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» як гурӯҳ шахсони аз 100-сола боло бо медали «Шуҳрат» мукофотонида шуданд.

Дар байни онҳо Хатича Гаданова, сокини маҳаллаи «Тепақӯрғон»-и ноҳияи Нарпай низ ҳаст. Ӯ солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзӣ кор карда, тамоми умр ба фарзандонаш софдилона мехнат карданро ёд додааст.

Дар остонаи ид иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ба хонаи Х.Гаданова омада, ӯро бо 34-умин солгарди истиқлолияти кишварамон табрик гуфт ва медали «Шуҳрат»-ро бо туҳфаҳо супурд.

Х.Гаданова дар навбати худ барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба пиронсолон ба Сарвари давлат изҳори сипос кард. Дуо кард, ки диёрамон тинч, осмонамон софу беғубор, дастархонҳоямон серу пур, фарзандонамон шоду хуррам бошанд.