Ovozi.uz

Иморатҳои имрӯз бунёдгардида, бояд солҳои дароз хизмат кунанд

Бо роҳбарони ташкилотҳои калони бинокорие, ки дар вилояти Самарқанд амал мекунанд, вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар ҷамъомад, ки таҳти роҳбарии сардори инспексияи назорат дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаву ҷойи вилояти Самарқанд А.Шукуров баргузор гардид, мудири котибияти ҳокимияти вилоят Т.Фозилов, масъулони инспексия, масъул ва роҳбарони ташкилотҳои бузурги сохтмонии вилоят иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки масъалаи сифат дар тамоми ҷараёнҳои сохтмонии имрӯза дар вилоятамон аҳамияти муҳим дорад. Хотиррасон карда шуд, ки иморатҳои имрӯз бунёдгардида, бояд солҳои дароз ба халқи мо хизмат кунанд.

Инчунин, ба бинокорон дар бораи хатою камбудиҳояшон, эътирозҳои ба миёнгузоштаи аҳолӣ ва оқибатҳои онҳо маълумот дода шуд. Аз ҷумла, фоиданок будани пешгирӣ кардани нуқсон назар ба рафъи он ҳам аз ҷиҳати вақт ва ҳам аз ҷиҳати манфиати моддӣ фаҳмонида шуд.

Зимни вохӯрӣ пешниҳоду муроҷиати бинокорон низ шунида шуд. Дар поёни чорабинӣ, ки дар рӯҳияи гуфту-шуниди ошкоро гузашт, вазифаҳои оянда дар назди соҳа муайян карда шуданд.