Ovozi.uz

Самарқанд — дар эътибори дунё

Аз 30‑юми октябр то 13‑уми ноябри соли равон дар Самарқанд сессияи 43‑юми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба таълим, фан ва маданият — ЮНЕСКО баргузор мегардад.

ЮНЕСКО ва роҳбарияти кишварамон, ҳокимияти вилоят ва идораю ташкилотҳои масъул ба ин чорабинӣ фаъолона омодагӣ мебинанд. Аз ҷумла, Садорати мероси мадании вилоят барои меҳмонони воломақом, ки дар доираи форуми байналмилалӣ ба кишварамон меоянд, феҳристи 14 маҷмуаи фарҳангии вилоятро тартиб дод ва корҳои омодасозии онҳо оғоз ёфтанд.

Баҳрилло Абдуллаев, директори Маркази реставратсияи минтақавии Самарқанд қайд намуд, ки ба далели баргузор шудани анҷуман дар Самарқанд ансам­бли Регистон, оромгоҳи Амир Темур ва маҷмуаи Шоҳи Зинда ба унвони манзилҳои асосии зиёрати меҳмонон таъйин шудаанд.

— Ҳоло дар ин ёдгориҳои меъморӣ корҳои таъмир, барқарорсозӣ ва ободонӣ идома доранд, — гуфт Б.Абдуллоев. — Аз ҷумла, дар чор дарсхона ва як галереяи калони мадрасаи Мирзо Улуғбеки ансамбли Регистон корҳои таъмиру кошинкорӣ амалӣ мегарданд. Ҳамзамон, толорҳои намоишии мадрасаҳои Тиллакорию Шердор низ таъмиру тармим ва бо экспозитсияҳои замонавӣ ғанӣ гардонида мешаванд.

Дар доираи омодагӣ ба чорабинии байналмилалӣ дар маҷмааи Шоҳи Зинда низ корҳои васеъмиқёси консерватсия ва реставратсия идома доранд. Бунёди ҷамъиятии хайрияи «Вақф» барои ин беш аз 1 миллиард сӯм ҷудо кардааст.

— Дар асоси хулосаи Шӯрои илмии Агентии мероси маданӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ва меҳмонони зиёратгоҳ, таъмини истиқболи муносиб ва бехатарии онҳо то имрӯз ба маблағи 700 миллион сӯм корҳои реставратсия ва консерватсия анҷом дода шуданд, — гуфт роҳбари маҷмуаи Шоҳи Зинда Самариддин Мирзоев. — Аз ҷумла, фасади маҷмуа, навиштаҷоти қадима ва ороишоти декоративии девори биноро таъмиру рангубор карданд. Атрофи зиёратгоҳро ободу зебо намуда, садди бехатарӣ гузоштанд ва барои нафарони ногироидошта шароитҳои мусоид фароҳам оварданд.

Сессияи 43‑юми Конфронси генералии ЮНЕСКО барои Ӯзбекистон воқеаи бузурги таърихӣ мешавад. Анҷумани мазкур нуфузи кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ афзоиш ва мероси ғании фарҳангии шаҳри бостониро ба таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд.

Барои маълумот: Маркази таърихии Самарқанд, ки ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст, майдони 1123 гектар ва минтақаи муҳофизати он 1369 гектарро ташкил медиҳанд. Дар вилоят 1607 объекти мероси моддӣ-­маданӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 973‑тоаш бостоншиносӣ, 564‑тоаш меъморӣ, 36‑тоаш асарҳои монументалии санъат ва 34‑тоаш ҷойҳои тамошобоб мебошанд.

Фазлиддин РӮЗИБОЕВ