Ovozi.uz

Ҷои қабри Бурҳониддин Марғинонӣ муайян гардид

Имсол дар кишварамон 1155‑солагии зодрӯзи Имом Мотуридӣ ба таври васеъ таҷлил мегардад. Дар фармони сарвари давлатамон ба ҳамин муносибат дар шаҳри Самарқанд таҷдид ва ободонии маҷмааи Абумансури Мотуридӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар маҷмаа ва гирду атрофи он, дар ҳудуди қабристони бостонии Чокардиза корҳои сохтмону ободонӣ идома доранд.

Дар ин ҷараён ба омӯзиши мероси бисёре аз уламо ва донишмандон, ки дар қабристони Чокардиза дафн шудаанд, низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Аз ҷумла, барои муайян кардани макони дафни фақеҳи бузург Бурҳониддини Марғинонӣ, муаллифи китоби «Ҳидоя», ки аз шоҳасари фиқҳи исломӣ маҳсуб мешавад, пажӯҳишҳо сурат гирифтанд.

Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки Бурҳониддини Марғинонӣ соли 1123 дар деҳаи Риштони вилояти Фарғона ба дунё омада, сипас дар шаҳри Марғилон зиндагӣ кардааст. Ӯ бештари умри худро дар шаҳри Самарқанд гузаронида, соли 1197 дар қабристони Чокардиза ба хок супурда шудааст. Агарчи маълум, ки макони охирини олим дар Чокардиза аст, аммо дар бораи ҷои қабри ӯ ишорае набуд.

— Ҳарчанд китобҳои таърихӣ ва пажӯҳишҳои бархе аз олимон дар кадом мавзеи Чокардиза ҷойгир будани қабри Бурҳониддини Марғинониро нишон медиҳанд, дар тӯли садсолаҳо бар асари низомҳои мухталифи сиёсӣ ба ин мавзеъ таваҷҷуҳи кофӣ дода нашуд, дар ҳудуди қабристон хонаву ҷойҳо бунёд намуда ва муайян кардани ҷои қабр ғайриимкон шуд, — гуфт директори Донишкадаи бос­тоншиносии Самарқанд Мӯминхон Саидов. — Имсол, вақте ки ба муносибати 1155‑солагии Имом Мотуридӣ дар минтақа корҳои азим оғоз гардид, бо ташаббуси роҳбарияти ҷумҳуриамон ва ҳокимияти вилоят барои муайян кардани қабри Бурҳониддини Марғинонӣ дар ҳудуди қабристони бостонии Чокардиза корҳои археологиро оғоз кардем. Дар ин кор ба мо Комилхон Каттаев, манбаъшинос, олиме, ки ниёгонаш дар ин минтақа зиндагӣ карда, дар бораи аллома сарчашмаҳои таърихии зиёде доранд, кумаки наздик расонд. Мо бар асоси маводи таърихие, ки дар ихтиёри олим буд ва аз гузаштагони худ шунидааст, пас аз тақрибан се моҳи кофту коби бостоншиносӣ тавонистем ҷои дафни алломаро муайян кунем, ки дар китобҳо зикр шудааст. Дар ин ҷо хишт ва дигар нишонаҳое ёфт шуданд, ки ба асри XII тааллуқ доранд.

Пас аз омӯзиши маълумот ва сарчашмаҳои дар ҷараёни таҳқиқоти бостоншиносӣ муайянгардида, тибқи тартиби муқарраршуда дар қабристони Чокардиза бар асоси фатвои Маркази Фатвои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон сохтмони мақбараи Бурҳониддини Марғинонӣ оғоз ёфт.

Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев, ҷонишини раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон Зайниддин Эшонқулов, олимону донишмандони шинохта ва намояндагони ҷомеаи вилоят иштирок намуданд.

Пас аз тиловати Қуръон алломаҳои дафнгардида ба ёд оварда шуданд.

Дар чорабинӣ ба макони обод табдил додани ҷойҳое, ки аҷдодони бузурги мо дар он ҷо оромии абадӣ ёфтаанд, таъкид карда шуд. Зимнан зикр гардид, ки акнун дар Чокардиза оромгоҳи аҷдоди бузурги дигар Бурҳониддини Марғинонӣ бунёд гардида, ба зиёратгоҳи муқаддас табдил меёбад.