Эҳтимол мард ё зане нест, ки барои кӯтоҳ кардани мӯй ва ба таври замонавӣ ороиш додани он ба мутахассиси ин соҳа — сартарош муроҷиат накарда бошад.
Сартарошӣ яке аз касбҳои серталаб дар байни мардуми мост, ки аз қадим маълуму машҳур аст. Ҳамшаҳронамон, бародарон Лутфулло ва Убайдулло Бакаевҳо аз ҷумлаи соҳибони ҳамин касб мебошанд, ки дар байни мизоҷон маҳбубу аз корашон мамнун мешаванд.
— Шонздаҳ сол боз дар соҳаи сартарошӣ кор мекунам, — гуфт Лутфулло. — Даставвал асрори касби интихобкардаамро аз устодам Азизака омӯхтам. Даврони бачагӣ фикр мекардам, ки касбам танҳо аз кӯтоҳ кардани мӯйи сар ва ришгирӣ иборат аст. Аммо имрӯз медонам, ки касбам хеле мураккабтар ва талабҳои рӯзгорро дар бар мегирад.
Гуфтаҳои ӯ ҷон доранд.
Бо гузашти солҳо маҳорати сартарошиаш баланд шуда, вай дар ҳақиқат мураккабии касб, талаботи ҳаёт ва хоҳиши мизоҷонашро дарк мекард. Соли 2009 баъди фотиҳаи устодаш ва оғози тиҷорати шахсии худ устои ҷавон ба зудӣ ба эътибори муштариёни серталаб афтод. Вай дар ришгирии оддӣ, кӯтоҳ кардан ва «ороиш додан»-и мӯи сар, ки ба табъи ҷавонон мувофиқ меояд, кори ба худ хосе анҷом дод. Бо назардошти он, ки дар як рӯз ба сартарошхона муштариёни синну сол, касбу кор ва ҷаҳонбиниашон гуногун меоянд ва талаботашон ҳар хел аст, эҳсос мекунем, ки давраи аввали фаъолияти ӯ як навъ давраи санҷишӣ барои устои ояндаи ин касб шудааст.
Сартарошони ҷавоне, ки дар маҳаллаи Кӯл ба воя расиданд, дар Самарқанд муддати дароз кор накарданд. Ба далели мушкилоти иқтисодии он замон ба Россия рафта, дар Москва касби оддиву серталаби худро идома доданд. Лутфулло, ки дар як рӯз ба 50–60 муштарӣ хидмати босифат мерасонд, дар хориҷи кишвар маҳорати касбии худро боз ҳам такмил дод. Вақте аз ӯ пурсидам, ки муштариёнаш асосан ҳамватанони мо ҳастанд ё шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя, аз ӯ ҷавоби «аксари муштариёнам аврупоӣ буданд»-ро гирифтам. Додари ӯ Убайдулло ҳоло дар Америка ба ҳамин кор машғул аст.
Фаъолияти ӯ дар Москва барои такмили маҳорат ва ихтисоси сартарошии бародарон нақши калон бозид. Вай дар он ҷо самтҳои нави касб, эҳтиёҷ ва талабот ба касбро хуб азхуд кард. Усто Лутфулло то соли 2023 дар хориҷа таҷриба андӯхта ва асрори замонавии касбашро омӯхта, тӯли ин муддат дар як қатор озмунҳо иштирок намуда, аз сафи ғолибон ҷой гирифт. Сертификатҳои дараҷаҳои гуногун, ки аз маҳорати касбии ӯ шаҳодат медиҳанд, далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Ҳоло Лутфулло ба сокинони маҳаллаи Лолазор хизмати беминнат мерасонад. Ҳар рӯз ба назди ӯ 15–20 нафар мизоҷон меоянд. Сокинони маҳалла бо эҳтироми хоса қайд мекунанд, ки то ҳол аз хидмати ӯ муштарии норозӣ набудааст. Охир, ӯ мувофиқи талаби ҳар як муштарӣ хизмат расонданро вазифаи касбии худ медонад.
Лутфилло Бакаев мураббии 15 нафар сартарошони ҷавони ояндадор низ мебошад. Вай дар рафти кор ба онҳо сирру асрори касби худро бо ғайрат меомӯзонад, тамоми донишу маҳорати будаашро мефаҳмонад.
